Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар 10 фоиз кам шуд

Май 17, 2016 10:14

Душанбе, 17.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар чор моҳи соли равон ба муҳоҷирати меҳнатӣ 209 ҳазору 788 шаҳрвандони ҷумҳурӣ сафар карданд, ки аз он 26 ҳазору 793 нафараш занон мебошанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз кам мебошад.
Бино ба маълумоти сармутахассиси Шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳии Хадамоти муҳоҷират Рухшона Ёрмамадова, аз ин теъдод чор ҳазору 127 нафар ба шаҳрҳои Қазоқистон сафар намуданд, ки 1 ҳазору 527 нафарашон занон буданд .
«Дар айни замон ба Тоҷикистон 85 ҳазору 702 шаҳрванди мамлакат, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ баргаштанд, ки аз онҳо 9 ҳазору 544 нафарашон занҳо мебошанд»,-илова намуд Рухшона Ёрмамадова
Бояд гуфт, ки баҳисобгирии рафти шаҳрвандон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 амалӣ карда мешавад. Дар чор моҳи соли равон аз қаламрави ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 238 ҳазору 985 нафар сафар намуданд, ки зиёда аз 34 ҳазори онро занон ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб, барои корҳои шахсӣ — 12 ҳазору 349 нафар, тиҷорат — зиёда аз 11 ҳазор нафар, саёҳат — 4126 нафар, сафари хизматӣ — 624 нафар ва таҳсил 1086 нафар сафар намуданд.

Май 17, 2016 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад