Террористи худкуш дар Афғонистон корвони низомиёни Амрикоро тарконд

Май 22, 2016 15:51

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Афғонистон таркиш ба амал омад. Масъулияти ин ҳамларо ҳаракати ифротгарои «Толибон» бар уҳда гирифт. Дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба агентии иттилоотии «Khaama Press» хабар медиҳад.
Воситаи таркандаро террористи худкуш ба кор андохт. Ӯ ба корвони низомиёни Амрико ҳамла кард.
Шоҳидон нақл кардаанд, ки террорист ба гурӯҳи аскарон дар мошин ҳамла карда, воситаи мунфаҷирро таркандааст. Дар изҳороти гурӯҳи ифротгаро дар бораи шумораи зиёди қурбониён хабар дода мешавад. Вале, дар НҲ ИМА иттилоъ дар бораи қурбониёнро тасдиқ накарданд. Онҳо бар инанд, ки бар асари таркиш ҳайати шахсии эътилоф зарар надидааст.

Май 22, 2016 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад