Тоҷикистону Гурҷистон: ҳамкориҳо вусъат меёбанд
Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири фавқулода ва мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Константин Жгенти доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, Сафири Гурҷистон дар Тоҷикистон Константин Жгенти оид ба низоми таҳсилоти Гурҷистон маълумот дода, гуфт, ки дар Гурҷистон зинаи ибтидоӣ аз шашсолагӣ шурӯъ шуда, он шаш сол идома меёбад. Зинаи таҳсилоти асосӣ ва зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ се солӣ идома ёфта, дар умум 12 солро ташкил медиҳад.
Нуриддин Саид иброз дошт, ки дар баробари Федератсияи Русия, Беларус, Қазоқистон таҷрибаи маорифчиёни Гурҷистон низ омӯхта мешавад, аз ин ҷост, ки зимни таъсиси Маркази миллии тестӣ таҷрибаи Маркази миллии тестии Гурҷистон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар идома Нуриддин Саид зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Гурҷистон метавонанд дар соҳаи маориф ҳамкориро вусъат бахшида, конфронсу симпозиум ва таҳқиқоти муштараки илмӣ, инчунин табодули устодону донишҷӯёнро ба роҳ монанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






