Туҳфа ба ансамблҳои «Навои Бадахшон» ва «Эҳё»
Хоруғ, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ансамбли «Эҳё»-и ВМКБ, ки анқариб бо мақсади рушди мусиқӣ ва рақсу таронаҳои мардумӣ таъсис дод шуд, соҳиби асбобҳои мусиқии миллӣ ва эстрадӣ гардид. Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар зимни тақдими туҳфа баён доштанд, ки фарҳанг яке аз рукнҳои аслии миллат аст ва барои зинда нигаҳ доштани он ҳар як фарди меҳандӯст бояд саъю талош намояд, зеро рушди бесобиқаи соҳаи коммуникатсионӣ ба фарҳанги миллатҳо таъсири амиқи худро мерасонад.
Раҳбари ансамбли «Навои Бадахшон» Маҳин Назаршоева аз ин туҳфаи Сарвари давлат изҳори хушҳолӣ намуда, гуфт, ки бо баргузор кардани озмун мо беҳтарин ҷавонони боистеъдодро ба ин гурӯҳи ҳунарӣ ҷалб кардем. Мо ба асбобҳои мусиқӣ, ба монанди тору рубоб, таблаку доира ва ҳамчунин асбоби эстрадӣ хеле ниёз доштем. Дар маҷмӯъ ба ансамбли мо ва ансамбли «Навои Бадахшон» ба маблағи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ асбоби мусиқӣ тақдим карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






