Заминаҳои ҳуқуқии ташаккули оила дар даврони Истиқлолияти давлатӣ
«Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 14.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нақши оилаи устувор дар рушди давлатдории миллӣ, пешрафти ҷомеаи муосир, тарбия ва ба воя расонидани насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, ки аз умқи таърих сарчашма гирифта, то ба имрӯз меҳвари асосии ташаккули муносибатҳои оилавиро ташкил мекунад, беҳамто мебошад.
Побарҷойии оила ва муносибатҳои оилавӣ ҳамчун маҳаки асосии ҷамъият дар ҳар давру замон ба анъанаҳои миллӣ, арзишҳои асили одоби оиладорӣ, ахлоқ ва қонун такя менамояд.
Ғояҳои одоби оиладории миллӣ, ки ба принсипҳои эҳтироми ҳар як аъзои оила, дӯстиву рафоқати байниҳамдигарӣ, садоқату вафодорӣ, ғамхорӣ нисбат ба якдигар, масъулияти тарафайн дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ, тарбияву ба воя расонидани фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ ва дигар арзишҳо асос меёбанд, ҳамеша як ҷузъи муҳими фарҳанги тоҷикона маҳсуб ёфта, талқингари ғояҳои инсондӯстона ба шумор мераванд.
Оила асоси ҷамъият ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи модар 7 марти соли 2016дар хусуси арзишҳои фарҳанги оиладорӣ ибрози назар карда, зикр намуд, ки «… миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд дар бобати ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд».
Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва қабули аввалин Конститутсияи давлати демократӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул гардиданд, ки онҳо ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона гардида, кафолати давлатии ҳифзи оиларо асоси ҳуқуқӣ бахшиданд.
Аз рӯзҳои аввали бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд эҳтироми арзишҳои волои оиладорӣ дар мадди аввал гузошта шуда, инкишофи озодонаи падидаи оила дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, ҳуқуқи ҳар як шахс барои ташкили оила мақоми конститутсионӣ касб намуд.
Дар сатҳи Конститутсия баробарҳуқуқии мардону занон пешбинӣ гардида, дар як вақт меъёрҳои заминавии ташаккули муносибатҳои оилавӣ инъкос гардидаанд, аз қабили ҳамчун асоси ҷамъият аз ҷониби давлат ҳимоя шудани оила, ҳуқуқи ҳар кас ба ташкили оила, озодона бекор намудани ақди никоҳ дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ, баробарҳуқуқ будани зану шавҳар, манъ будани бисёрникоҳӣ, таҳти ғамхорӣ ва ҳимояи махсуси давлат қарор доштани модару кӯдак, уҳдадории падару модар дар тарбияи фарзанд, масъулияти фарзандони болиғ ва қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъминоти падару модар ва ғайра.
Бобати амалишавии ин меъёрҳои конститутсионӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумати кишвар мунтазам тадбирҳои муассир андешида шуда, дар баробари ин заминаи қонунгузории оилавӣ такмил дода мешавад.
Вобаста ба ин, дар заминаи Конститутсияи кишвар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, то ба имрӯз тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замони муосир мутобиқ гардонида шуданд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин як силсила санадҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, хусусан занону кӯдакон эътироф гардида, мавриди татбиқ қарор доранд.
Бояд зикр кард, ки санадҳои байналмилалие ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, тибқи Конститутсияқисми таркибии низоми ҳуқуқи кишварро ташкил медиҳанд ва дар танзими муносибатҳои оилавӣ, таъмини баробарии мардону занон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии модару кӯдак низ нақши калидӣ доранд.
Ба зумраи онҳо метавон Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Конвенсия дар бораи рафъи ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак,Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои муҳимро шомил намуд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда меъёру падидаҳои навро, ки қаблан ба қонунгузорӣ маълум набуданд, дар бар гирифта, ба рушди низоми ҳуқуқи оилавӣ дар кишвар заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузоштанд ва ба ташаккули оилаи солим, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳар як узви оила, хусусан занону кӯдакон мусоидат намуданд.
Ба зумраи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона гардидаанд, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»; қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000, № 98 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ»;аз 8 августи соли 2001, № 391 «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001- 2010»;аз 1 октябри соли 2004, № 406 «Дар бораи тасдиқи номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад»;аз 1 октябри соли 2004, № 407 «Оид ба тасдиқи навъҳои музди меҳнат ва дигар даромадҳое, ки аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ алимент рӯёнида мешавад»;аз 1 ноябри соли 2006, № 496 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 — 2016»;аз 29 майи соли 2010 таҳти № 269 «Дар бораи тасдиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 -2020»; аз 30 декабри соли 2015, №801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои зиёди ҳуқуқӣ дохил мешаванд.
Зикр бояд кард, ки Кодекси оила, ки 13 ноябри соли 1998 бо тақозои воқеияти нави иҷтимоӣ ва ташаккули муносибатҳои оилавӣ дар замони нав қабул гардид, меъёрҳои муҳимро, ки қаблан ба қонунгузории оилавӣ маълум набуданд, дар худ инъикос карда, дигаргуниҳои куллиро дар ташаккули муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ба вуҷуд овард.
Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ва устувории он пешбинӣ намуд, ки муносибати байниҳамдигарии ҳамсарон ва дигар аъзои оила ба эҳтирому муҳаббат, ёрии байниҳамдигарӣва масъулияти тамоми аъзои оила дар ҳаёти якҷоя, озод буданиоила аз дахолати шахсони сеюм, иҷрои ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар яке аз аъзои оила дар назди ҳамдигар, инчунин имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбанд.
Хусусияти муҳими ташаккули ҳуқуқи оилавӣ дар замони нав дар он зоҳир мегардад, ки вай аз танзими императивии муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ даст кашида, мавқеи меъёрҳои хусусияти ҳатмидоштаро дар танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ маҳдуд намуд ва дар ин замина нақши меъёрҳои диспозитивӣ дар танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ назаррас гардида, аксари масъалаҳо бо ризоияти издивоҷкунандагон ва аъзои дигари оила баррасӣ мегарданд.
Падидаи муҳиме, ки қонунгузории оилавӣ муқаррар намуд, муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ба шумор меравад, ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, таҳкими зиминаҳои оилаҳои солим, таъмини пойдорӣ ва хушбахтии оилаҳо, пешгирии панҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва таваллуди фарзандони солим мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар аз 23 январи соли 2015 ва суханронии худ ба муносибати Рӯзи модар 6 марти соли 2015 ба ин масъала аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр карданд, ки «яке аз сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандро бе муоинаи тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд».
Ҳамчунин Роҳбари давлат дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи модар 6 марти соли 2015 ба масъалаи аз никоҳҳои хешутабории наздик таваллуд шудани фарзандони маъюб изҳори нигаронӣ карда, зикр намуданд, ки «донишмандони соҳаи генетика ва тибби тоҷик сабаби бемориҳои солҳои охирро ба никоҳи хешутабории наздик низ мансуб дониста, тамоюли рӯ ба афзоиш будани онро илман исбот намудаанд.
Чунончи, аз 165 ҳазор нафар маъюбе, ки дар кишвар ба қайд гирифта шудааст, 35 фоизаш ба иллати никоҳи хешутабории наздик ба миён омадааст».
Дар Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо назардошти нақши калидии оила дар таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдату якдилӣ қабул шуда, мақсади он таҳкими заминаҳои оиладорӣ мебошад, пешбинӣ гардидааст, ки аҳолии кишвар зиёда аз 8 миллиону 70 ҳазор нафар буда, 42%-и онро кӯдакони синни то 18-сола ташкил медиҳанд. Дар ҷумҳурӣ ҳамасола 2,5-3 ҳазор кӯдак кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шуда, то 1 январи соли 2015 шумораи онҳо 26043 нафар, ё 0,8%-и шумораи умумии кӯдакони синни то 18-соларо ташкил медиҳад. Мувофиқи хулосаҳои мутахассисон дар 35% ҳолатҳо сабаби таваллуди кӯдакони маъюб никоҳи хешутабории наздик мебошад.
Дар ҳамин радиф бо мақсади ташкили оилаҳои солим, пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тавлид ва ба воя расидани фарзандони солим ва умуман барои ҳалли мушкилии ҷойдошта дар ин самт ба моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июли соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, тибқи он аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани шахсони издивоҷкунанда пеш аз бастани ақди никоҳ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон пешбинӣ гардид.
Ҳамчунин дар Кодекси оила бо мақсади пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳҳои хешовандони наздик, бастани ақди никоҳ байни хешовандон, аз ҷумла, байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян, байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд ва байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, манъ карда шуда, ин ҳолатҳо баробари дигар асосҳо ҳамчун монеаи ақди никоҳ эътироф карда шуданд.
Кодекси оила ҳамчунин меъёрҳои муҳимро дар самти амалишавии ҳуқуқи кӯдак, аз қабили ҳуқуқи кӯдак барои озодона изҳор намудани фикри худ пешбинӣ намуда, муқаррар кардааст, ки кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар шароити муосир номгузории миллӣ, яке аз асосҳои муҳими эҳёи анъана ва дигар арзишҳои миллӣ маҳсуб мешавад.
Номгузории миллӣ низ дар ҳар давру замон ҳамчун мероси ғании фарҳангӣ мақомуманзалати бузург дошта, ҳамчун ҷузъи таърих, фарҳанги миллӣ ва маърифати оиладорӣ ба эътирофу инкишофи фарҳанги муосир ва беҳдошти симои маънавии инсон таъсири амиқу ғизои маънавӣ гузошта, тафаккур, заковати фитрӣ, шуури маънавӣ ва анъанаҳои бузурги фарҳангсолории миллиро сайқал дода, дарҳоимаънавииҷомеаро боз менамояд.
Аз ин лиҳоз дар баробари арзишҳои мухталиф, номгузории миллӣ низ дар ҳама давру замон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими фарҳанг ва анъанаҳои миллии давлати ташаккулёфта ба шумор меравад.
Дар воқеъ истифодаи маъмули номгузорӣ такя бо анъанаҳои миллӣ танҳо бо давраи ба даст овардани соҳибистиқлолии миллӣ ва дар таҳрири нав қабул гардидани як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷилои тоза пайдо намуда, таваҷҷуҳи хосаро ба худ ҷалб намуд ва аз ҷониби падару модарон зимни номгузории фарзандони худ ба таври васеъ аз он истифода гардид.
Дар масъалаи номгузории фарзанд бояд тамоми ҷабҳаҳои ахлоқиву маънавии ояндаи фарзанд ба инобат гирифта шуда, номгузории ӯ бештар бо такя ба воситаҳои илмӣ, мулоҳизаи мантиқӣ ва анъанаҳои миллӣ амалӣ карда шавад ва дар ин ҷода муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» риоякарда шавад.
Ҳар як шаҳрванд, хусусан падару модарон бояд дар номгузорӣ ба фарзандони хеш аҳамияти махсус зоҳир намуда, бо мақсади тарғибу ташвиқи бештари номгузории миллӣ бетараф набошанд ва дар доираи илму адаб, олимону мутахассиони соҳаи фарҳангу забон ва таъриху ҳуқуқ китобу маҷаллаҳо ва дастурамалҳоеро, ки фарогири шарҳи мазмуну маънои номгузории миллӣ мебошанд, таҳия ва нашр намоянд, ки ин иқдом ба баланд гардидани сатҳи маърифату фарҳанги маънавӣ ва ахлоқии аҳолии кишвар замина мусоид фароҳам меорад.
Вобаста ба танзими масъалаи номгузорӣ бо назардошти арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ 15 марти соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардида, муқаррар шуд, ки номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” амалӣ мегардад.
Дар Қонуни зикршуда пешбинӣ шудааст, ки насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ташаккулёфта сабт карда мешавад.
Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчунин омадааст, ки насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад.
Ҳамзамон дар сатҳи қонун ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шуд.
Дар сатҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тибқи тағйиру иловаҳои ба он 15 марти соли 2016 воридшуда, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба ном дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода шуда, ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки онҳо бо хоҳиши худ метавонанд номгузории кӯдаконашонро тибқи анъанаҳои миллиашон амалӣ намоянд.
Дигар меъёри муҳим, ки дар қонунгузории оилавӣпешбинӣ шудааст, ин имконияти бастани аҳдномаи никоҳ аз тарафи издивоҷкунандагон ва ҳамсарон ба шумор меравад, ки ҳадафи асосии онро ҳимояи ҳуқуқҳои молумулкии ҳамсарон дар давраи ҳамзистии якҷоя ва дар давраи бекор намудани ақди никоҳ ташкил медиҳад.
Ҷиҳати муҳими муқаррароти қонунгузории оилавӣ дар самти танзими шартномавии муносибатҳои оилавӣ, аз ҷумла аҳдномаи никоҳ дар он аст, ки онҳо қобилияти ҳуқуқдорӣ ё амалкунии ҳамсаронро маҳдуд намекунанд ва ба танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии онҳова муносибатҳои ҳуқуқии ҳамсарон нисбат ба фарзандон халал намерасонанд.
Вале дар таҷриба кам ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки ҳамсарон аз ин муқаррароти қонунгузории оилавӣ оид ба бастани аҳдномаи никоҳ истифода намуда, дар доираи он муносибатҳои молумулкиро танзим намоянд.
Амалҳое мушоҳида мегарданд, ки яке аз ҳамсарон, хусусан мардон бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки ҳамсари худро аз ҳуқуқҳои молумулкӣ ба моликияти муштарак маҳрум намуда, ҳатто ба хотири ба миён наомадани ҳуқуқ ба моликияти муштарак, принсипҳои муҳими ҳуқуқи оилавӣ ва меъёрҳои ахлоқиро, ки муносибатҳои оилавӣ дар асоси онҳо ташаккул меёбанд, сарфи назар карда, аз барасмиятдарории давлатии ақди никоҳ саркашӣ мекунанд.
Дар натиҷа ҳамсаре, ки манбаи даромад ва моликияти мустақилона надорад, аз ҳифзи меъёрҳои қонунӣ нисбат ба ҳуқуқ ба моликияти муштарак бархӯрдор нагардида, ҳуқуқу манфиатҳояш халалдор мешавад.
Имрӯз Кодекси оила бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар зимни бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба таври ҳатмӣ бастани аҳдномаи никоҳро пешбинӣ кардааст, ки ин меъёр то андозае барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони кишвар заминаи ҳуқуқӣ гардид.
Кодекси оила созишномаи пардохти алиментрониз муқаррар намудааст, ки ин созишнома дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, баста мешавад. Инчунин ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент муқаррар карда шудааст, ки тибқи он суд метавонад барои фарзандони болиғ, ки донишҷӯи таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни 20 ва 24 расиданашон аз падару модар алимент ситонад.
Дар баробари ин, Кодекси оила индексатсияи пардохти алиментро пешбинӣ менамояд, ки аз рӯи он маблағи алимент бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор аз ҷониби маъмурияти ҷои кори алиментсупоранда мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат, тибқи тартиби муқарраргардида индексатсия карда мешавад.
Масъалаи фарзандхонӣ низ дар Кодекси оила танзими қонунии худро пайдо намуда, ҳалли он ба ваколати суд вогузор шудааст.
Вобаста ба падидаи фарзандхондӣ зикр кардан зарур аст, ки ҳанӯз соли 2006 бо мақсади ба ғамхории оилавӣ фаро гирифтани кӯдакони ятиму бепарастор ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, инчунинамалишавии меъёри конститутсионӣ дар хусуси он, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд, ба қонунгузории оилавӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, тибқи он тартиби барасмиятдарории фарзандхонӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон содатар гардида, фарзандхонии шаҳрвандони мамлакат аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванд манъ карда шуд.
Амали мазкур ба он мусоидат намуд, ки кӯдакони бепарастор худро танҳою бекас эҳсос накарда, имкони васеи дар оилаҳои солими шаҳрвандони кишвар ба воя расиданро пайдо намуданд.
Бо назардошти муҳим будани масъалаи мазкур ва ҳифзи ҳуқуқ манфиатҳои қонуни кӯдакони бепарастормонда Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 23 апрели соли 2014 зикр карданд, ки «… ба Кодекси оила дар хусуси фарзандхонӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳамзамон бо ин низоми қонунгузории оилавӣ такмил дода шавад».
Бинобар ин, барои боз ҳам сода гардонидани низоми фарзандхонӣ ва ҳарчи бештар ба тарбияи оила фаро гирифтани кӯдакони бепарастор 23 ноябри соли 2015 ба боби фарзандхонии Кодекси оила як зумра тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, муқаррар гардидани доираи васеи муносибатҳои хислати диспозитивидошта дар қонунгузории оилавӣ имкон медиҳад, ки муносибатҳои оилавӣ бештар ташккул ёфта, арзишҳои оилдорӣ нигоҳ дошта шаванд.
Зимнан, дар ҳар давру замон яке аз вазифаҳои муҳими оила ва қонунгузории оилавӣ- ин муҳайё кардани заминаи мусоид барои тарбия ва ба камол расидани кӯдак, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо маҳсуб мешавад.
Ба мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ба роҳи рост ва меҳнати созанда, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва риояи меъёрҳои одобу ахлоқ ҳидоят намудани онҳо, ки метавонад ба тарбияи дурусти фарзанд дар оила таъсири мусбат расонад,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тамоми меъёрҳое, ки метавонанд ба тарбияи дурусти фарзанд мусоидат намоянд, зикр шуда, дар он вазифаи падар ва модар, давлат ва ҷомеа дар тарбияи фарзанд муайян гардидааст.
Аммо, новобаста ба чораҳои андешидашуда, ҳоло низ дар ин самт камбудиҳо ба чашмрасида, муқаррароти санади меъёрииҳуқуқии зикршуда ба таври зарурӣ иҷро карда намешавад.
Бинобар ин,дар Паёми Сардори давлат ба Маҷлиси Олӣ аз 23 январи соли 2015 ба масъалаи мазкур низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, пешниҳод гардид, ки «… ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор дар Дастгоҳи иҷрояи Президенти кишвар воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шавад».
Ҳамчунин дар ин Паём аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки «бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад».
Бо мақсади амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда, дар кишвар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ин иқдомҳобори дигар диққати ҷомеа, хусусан падару модар ва мақомоти дахлдори давлатиро ба ҳалли мушкилиҳо дар ин самт ҷалб намуда, воқиф месозанд, ки уҳдадории асосии онҳо ин тарбияи фарзанд аст ва барои амалишавии ин вазифи муҳим кӯшиш намуда, барои ба воя расонидани насли наврас дар руҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ уҳдадориҳои ахлоқию маънавии хешро дар ин ҷода иҷро намоянд.
Ҳамчунин таъсиси ниҳоди нави демократӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак такони ҷиддӣ бахшида, ҷиҳати баланд гардидани мақоми байналмилалии Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки Тоҷикистон онро ҳанӯз соли 1993 ба тасвиб расонидааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа мусоидат мекунад.
Ғамхорӣ дар ҳаққи оила, боло бурдани сатҳи иқтисодии онҳо, таъмини ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар як узви оила ва барорбарии воқеии онҳо дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии давлату Ҳукумати кишвар мебошад.
Ҳамин аст, кидар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар 23 январи соли 2015 оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила ибрози назар карда шуда, бинобар рӯзмарра будани масъалаи мазкур пешниҳод гардид, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шуда, соли 2015 «Соли оила» эълон карда шавад.
Дар ҳамин радиф бинобар соли оила эълон шудани соли 2015 бо мақсади таҳкими заминаҳои маърифати оиладорӣ як зумра тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда шуданд.
Умуман, дар даврони истиқлоли миллӣ бо шарофати дастгирию ғамҳорихои роҳбарияти олии сиёсии кишвар заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид.
Бинобар муҳайё гардидани шароити мусоид барои ташаккули падидаи оила, дар як муддати кӯтоҳ теъдоди ақди никоҳҳои қонунӣ ва таваллуди кӯдакон ба маротиб зиёд гардид, аз ҷумла аз маълумоти омории Вазорати адлия дида мешавад, ки агар соли 2005, 52322 никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шуда бошад, соли 2014 ин рақам ба 95 478 расид. Таваллуди кӯдак дар соли 2005 агар теъдоди 128784-ро ташкил диҳад, соли 2014, 231834 аз бақайдгирии давлатии таваллуд гузаштааст. Ҳамчунин теъдоди фарзандхондӣ ба маротиб зиёд гардидааст, аз ҷумла агар соли 2005 танҳо 392 кӯдак ба фарзандхондӣ қабул карда шуд бошад, дар соли 2014, 1296 кӯдак ба фарзандхондӣ қабул карда шуда, ба тарбия ва ғамхории оилавӣ фаро гирифта шудаанд.
Аммо, новобаста ба дастовардҳои назаррас дар ин самт, воқеият аст, ки дар даврони соҳибистиқлоли ва пешрафти ҷомеа бинобар таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои оиладорӣ, муносибатҳо байни аъзои оила мазмун ва шакли навро пайдо намуда, барои мувофиқ шудан ба онҳо моҳияти арзишҳо, ғояҳои демократии нав ва тарзи зиндагию андешаронӣ озмоишҳои зиёдро мегузаранд.
Равандҳои ҷаҳонишавӣ аз як тараф агар ба пешрафти давлату ҷомеа таъсири мусбат расонида, омили муҳими ташаккули кишвар дар марҳалаи навини таърихӣ маҳсуб шаванд, аз ҷониби дигар метавонанд ба фарҳангу ахлоқ, маърифати оиладорӣ ва дигар арзишҳои миллӣ таъсири манфӣ расонида, ба пояҳои меҳварии падидаи муқаддаси одоби оиладории миллӣ зарба расонанд.
Бинобар ин, дар замони ҷаҳонишавӣ ва омезиши арзишҳо масъалаи эҳтиром ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, хусусан фарҳанги оиладории қадимаи мо мақоми махсус пайдо намудааст ва ин дастоварди ниёгон бояд эмин нигоҳ дошта шавад.
Имрӯз бояд тамоми чораву тадбирҳо роҳандозӣ карда шаванд, ки ҳар як оила, ки дар масири таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба маҷрои куллан нави одоби оилаву оиладорӣ ворид гардидааст, аз таъсири омилҳои бегона нигоҳ дошта шуда, аз кафолату дастгириҳои пайвастаи давлат баҳравар гардад.
Дар тафаккури ҷавонони кишвар маърифати солими оиладориро инкишоф дода, барои побарҷойии оилаҳо, ки аз он инчунин суботу оромии ҷомеа вобастагии амиқ дорад, тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Маҳмудзода М.А.
Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики АИ ҶТ, доктори
илмҳои ҳуқуқ, профессор