Заминаи асосӣ ва боэътимоди рушди ҳар давлату ҷомеа, пеш аз ҳама, ба солимии аҳолӣ вобаста мебошад

Май 16, 2016 08:40

Душанбе, 16.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қурғонтеппа ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гашт, ки дар он иҷрои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Раиси Шӯро, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода дар ҷаласа зикр кард, ки варзиш дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани миллатҳо ва кишварҳои мухталифи сайёра мебошад. Заминаи асосӣ ва боэътимоди рушди ҳар давлату ҷомеа, пеш аз ҳама, ба солимии аҳолӣ вобаста мебошад.
Ба иттилои сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, тайи панҷ соли гузашта барои татбиқи ин барнома аз ҳисоби бақияи озод ва фонди захиравии раиси вилоят 5 миллиону 36 ҳазору 500 сомонӣ ихтисос дода шудааст.
Дар айни замон дар маҳалҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоят 160 майдони варзишӣ, 103 толори махсуси варзишӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тайи солҳои 2011-2015 ба маблағи 124,8 миллион сомонӣ се маҷмааи варзишӣ, 445 толори варзишӣ, як маркази табобатии варзишӣ, 9 ҳавзи шиноварӣ, ду майдони теннис, 16 варзишгоҳ, 535 майдончаи варзишӣ аз рӯйи намуди футбол, баскетбол ва волейбол, 183 иншооти махсуси варзишии фитнес ва билярд сохтаю таъмир гардида, феълан мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Ш. Раҳимов ҳамчунин зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир сохтмони се маҷмааи варзишӣ, 8 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 73 майдончаи варзишӣ ба маблағи 56,7 миллион сомонӣ идома дорад.

Май 16, 2016 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад