2 июл — Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ

Июнь 29, 2016 08:28

Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) ҳамасола 2 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мегардад.
Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2 июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Маҳз ин рӯз ҳамчун иди касбии хабарнигори варзишӣ сар аз соли 1995 таҷлил мешавад. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии 159 кишвари ҷаҳон, аз  ҷумла Тоҷикистон аъзои АИПС мебошанд.
АИПС байни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АИПС дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. Гианни Мерлои итолиёвӣ президенти АИПС мебошад.
Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) Нарзулло Латифов мегӯяд: «Созмони мо 25-уми январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. АЖРВТ дар Конгресси 74-уми АИПС, ки моҳи марти соли 2011 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) пазируфта шудааст. Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад».
Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, АЖРВТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ дар Душанбе ҳамоиши намояндагони воситаҳои  ахбори оммаро доир мекунад. Беҳтарин хабарнигорони соҳа бо ҷоизаҳо сарфароз мегарданд. Инчунин хабарнигорон дар чорабиниҳои варзишӣ фаъолона ширкат варзида, на танҳо бо сухан, балки дар амал пайвастагии худро ба тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим собит мекунанд.

Июнь 29, 2016 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад