Қадрдонии бонувон-ихтироъкорони ҷумҳурӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки аз 14 то 24 июн дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашт, 3 ихтирои бонувон-ихтироъкорони ҷумҳуриро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо се медал- тилло, нуқра ва биринҷӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Биҳамида Маҳкамова барои ихтирои «Нақеъи Фитосуман» ҳамчун маводи зиддимикробӣ соҳиби медали тилло ва Дипломи Президенти Ассотсиатсияи ихтироъкорон ва навоварони Тайван, Заррина Яминова барои ихтирои «Тарзи ҳосилкунии оҳор барои нахи пахтагӣ» соҳиби медали нуқра, Мубоширахон Раҳимова барои ихтирои «Тарзи дарёфти равғани зағир» соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Ин соли панҷум аст, ки ихтироъи бонувони тоҷик дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад, қадрдонӣ карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






