Ҳамасола дар ҷаҳон аз омосҳои бадсифат 5 миллион нафар мефавтанд
Душанбе, 07.06.2016/АМИТ «Ховар»/. «Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон беш аз 9 миллион нафар одамони мубталои омосҳои бадсифат ба қайд гирифта мешаванд, ки аз он 5 миллион нафарашон вафот мекунанд».
Ин матлабро Хайриниссо Юсуфӣ- муовини раиси Маҷлиси намояндагон имрӯз зимни баргузории мизи мудаввар, ки дар Парлумони кишвар дар мавзӯи «Вазъи бемории саратони ғадуди ширӣ ва гарданаки бачадон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, зикр намуд.
Таъкид шуд ки тӯли даҳсолаи охир шумораи мубталоёни беморони омосҳои бадсифат дар Тоҷикистон низ тамоюли босуръати болоравӣ дорад. Бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» ва «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 2015», дар солҳои охир аз ҷониби мақомоти марбута чорабиниҳои мақсаднок амалӣ мешаванд. Зикр шуд, ки вазъи паҳн ва бақайдгирии бемории саратон ва фавт аз ин беморӣ дар ҷумҳурӣ мураккаб боқӣ мемонад.
Инчунин Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ доир ба таҳлили вазъи бемории саратони ғадуди ширӣ ва гарданаки бачадон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, Наргис Раҳимова, коршиноси Хазинаи нуфуси СММ доир ба ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи нуфуси СММ дар амалӣ намудани барнома ва нақшаи корӣ оид ба пешгирии бемории саратони ғадуди ширӣ ва гарданаки бачадон дар Тоҷикистон гузориш доданд. Инчунин роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ баррасӣ шуд.
Зикр шуд, ки дар кишварҳои мутараққӣ ин беморӣ бо сабабҳои суръати баланди марговарии худ ҷойи дуюмро ишғол намуда, таҳқиқоти эпидемиологии солҳои охир муайян намуданд, ки тамоюли ба ҳамин монанд дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ низ ба назар мерасад. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эҳтимол меравад, ки дар 25 соли наздик 300 миллион ҳодисаи беморӣ ва 200 миллион хавфи фавт аз бемории саратон ба вуҷуд ояд, ки аз се ду ҳиссаи он марбут ба кишварҳои рӯ ба рушд аст. Омосҳои бадсифати узвҳои системаи репродуктивии занон дар ҷаҳон паҳншудатарин буда, ҷои аввалро саратони ғадуди ширӣ ишғол менамояд. Саратони гарданаи бачадон дар сохтори бемориҳои саратони аҳолии занонаи сайёра дар ҷои дуюм қарор дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






