Ҳамоиш бахшида ба «Соли фарди солим» дар Панҷакент
Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар тарабхонаи «Дӯстӣ»-и маркази шаҳри Панҷакент бахшида ба «Соли фарди солим» дар мавзӯи «Баробарҳуқуқии зан ва мард. Пешгирии хушунат дар оила» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷамоатҳои деҳот, табибон аз беморхонаи марказии шаҳр ва Маркази саломатии шаҳр, инчунин ҳуқуқшиносон иштирок намуда, оид ба пешгирии никоҳи хешутаборӣ, зӯроварӣ дар оила, баробарҳуқуқии марду зан дар оила, таълиму тарбияи кӯдакон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мубодилаи афкор намуданд.
Бояд зикр кард, ки соли 2016 дар вилояти Суғд «Соли фарди солим» Эълон гардида, дар ҳамаи шаҳру навоҳии он чунин чорабиниҳо ба роҳ монда мешаванд, зеро давлати солим аз фарди солим ва оилаи солим вобаста аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






