Ҷавонон бар зидди маводи мухаддир

Июнь 28, 2016 11:11

Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳия бахшида ба баргузории Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар байни занону ҷавонони ноҳия дар мавзӯи «Нашъа ва зарари он ба инсон» ва семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди маводи мухаддир» суҳбат  баргузор намуданд.
Тавре аз   шуъбаи иттилоотию тахлилии дастгоҳи раиси вилояти  Хатлон иттилоъ доданд,  мақсади гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷилавгирии ҷавонон аз истеъмоли маводи мухаддиру маводи нашъаовар ва фаҳмонидани оқибатҳои нохуши он мебошад.
Дар чорабинӣ ҷиҳати гирифтани маълумот ба иштирокдорон буклет ва маводи иттилоотии зиддинашъамандӣ тақсим карда шуд.

Июнь 28, 2016 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе