Ҳазор сомонӣ барои маводи журналистӣ

Июнь 24, 2016 15:03

Ҳисор, 24.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор бо мақсади истиқболи арзанда аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрии беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Каломи ободкорӣ» идома дорад. Дар озмун рӯзноманигорони расонаҳои ахбори маҳаллӣ, инчунин журналистоне, ки ҷабҳаҳои гуногуни шаҳри Ҳисорро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ инъикос менамоянд, иштирок карда метавонанд.
Мақсади асосии озмун таъмини ҳамкории мутақобилан судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои дахлдори он бо сохторҳои воситаҳои ахбори омма, тарғиби расму оин ва арзишҳои миллӣ, саҳм гузоштан дар рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор аст.
Мавриди зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор заҳматҳои фидокоронаи рӯзноманигоронро доимо қадр менамояд.
Аз ҷумла, дар Рӯзи матбуоти соли равон  ба як идда рӯзноманигорони варзида планшет ва дигар туҳфаҳои хотирмон тақдим намуда буд.

Июнь 24, 2016 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд