Ба имзо расидани санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия

Июнь 24, 2016 09:48

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Федеральный центр проектного финансирования» /»Маркази федеролии лоиҳаҳои молиявӣ»/-и Русия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосии ин санад ба  роҳ мондани ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин  табодули таҷриба байни муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»- и Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи ҷумҳурӣ ва ҶСК «Федеральный центр проектного финансирования»-и Русия арзёбӣ мегардад. Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Тоҷикистон Қодири  Қосим-раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Русия Михаил Девятов, мудири кулли ҶСК «Федеральный центр проектного финансирования»-и Русия  имзо гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки ҶСК «Федеральный центр проектного финансирования»-и Русия дар бахшҳои шарикии давлат ва хусусӣ таҷрибаи калон дошта,  дар ин самт лоиҳаҳои зиёдеро дар ҳудуди Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қораи Африқо амалӣ намудааст.
Ба имзо расонидани санади мазкур дар рушди шарикии давлат ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расонида, барои ҳамкории муфид дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак  замина мегузорад.

Июнь 24, 2016 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад