Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ дар Хуҷанд

Июнь 7, 2016 11:18

Душанбе, 7.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду инкишофи санъати миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав  дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ шудаанд.
Ҳафтаи гузашта дар рӯзҳои истироҳатӣ дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ баргузор шуданд. Ҳунармандони ин ду ноҳия барномаҳои фарҳангии худро пешниҳоди сокинони шаҳри Хуҷанд  гардониданд.
Боиси зикр аст, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо  дар шаҳри Хуҷанд озмуни ҳунарнамоии беҳтарин доир шуда, ғолиби ҷои аввал бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.

Июнь 7, 2016 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад