БМТ маърифати молиявии аҳолиро баланд мебардорад

Июнь 13, 2016 10:17

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва пешбурди фаъолияти самаранок дар бахши низоми бонкии кишвар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамбастагӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои кормандони бахши ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ» семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, ҳадафи чорабинии мазкур такмил додани дониши молиявии кормандони ин бахши бонкӣ буда, ба иштирокдорони семинар дар бораи нозукиҳои хизматрасонии низоми бонкӣ, дуруст истифода бурдани пешниҳодҳо ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дарсҳои таълимӣ гузаронида шуданд.
Дар робита ба баргузории семинари мазкур бояд зикр намуд, ки таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии мардум ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ аз самти афзалиятноки Бонки миллии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Июнь 13, 2016 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе