Бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон-Бангладеш. Ҳисоб: 5:0
Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби кишварамон таҳти роҳбарии мураббии нави худ Ҳаким Фузайлов дар аввалин дидори расмиаш дар доираи бозиҳои плей-оффи Чемпионати Осиё -2019 бар дастаи мунтахаби Бангладеш бо натиҷаи намоёни 5:0 ғалаба кард.
Дар ҳузури беш аз 8 000 мухлис ҳайати тағйирхӯрдаи тими мунтахаби мо нисбат ба рақобатҳои қаблӣ тавонист бозии ниҳоят ҷолиби серголро манзури тамошобинон гардонад. Пеш аз ҳама, ҷалб шудани бозингарони ҷавон ва ба ҳайати асосӣ шомил шудани онҳо суръати бозиро хеле баланд кард ва умед аст, ки дар бозиҳои оянда ин ҳайат боз ҳам сайқал хоҳад ёфт.
Бозингари беҳтарини ин вохӯрӣ Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 19 ҳисобро боз карда, баъдан бо голи дуюми задааш бартарии футболбозони моро афзуд. Парвиз Умарбоев пас аз он, ки зарбаи кунҷиро футболбозони мо ба таври хос ба иҷро расониданд, муаллифи голи сеюм шуд. Дарвозабони тими мунтахаби Бангладеш Шаҳидул Алам хеле серкор буд. Дар дақиқаи 58 баъди зарбаи ҷаримавӣ муҳофизатгари тими мунтахаби кишварамон Даврон Эргашев дар майдони назди дарвоза аз ҳама боло ҷаста, бо зарбаи сар голи чоруми дастаи мунтахабро ба ҳадаф расонид. Умедҷон Шарифов муаллифи голи панҷум гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба як маъно, пеш аз рақобати баргашти дастаҳо 7 июн дар шаҳри Дакка масъалаи роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2019-ро, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузарад, ҳалл кард.
Дар ин рӯз вохӯриҳои дигар ҳам барпо гардиданд, ки натиҷааш чунин аст:
Тайбэйи Чин Камбоҷа 2:2
Лаос Ҳиндустон 0:1
Малайзия Тимори Шарқӣ 3:0
Малдив Яман 0:2








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






