Чин: Як камарбанду як роҳ — Роҳи бузурги абрешим

Июнь 20, 2016 15:58

Душанбе.20.06.2016 /АМИТ«Ховар»/. Маркази матбуоти  Шурои давлатии Чин  аз 24 май то 3 июни соли равон  сайри   Остони мухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо мақсади   шиносоӣ аз  ноҳияҳои нақши калидидошта дар рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Қошғар ва Хоргос  таҳти унвони  «Камарбанди иқтисодии  Роҳи  бузурги абрешим»  барои  50 нафар журналистон аз 20 давлати дунё, аз ҷумла давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Канада, Австралия, Белгия, Туркия, Индонезия, Малайзия, Япония, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Қирғизистон, Узбекистон  ва ғайраҳо  ташкил намуд.
Хотиррасон менамоем, ки ба  ҳайати  журналистон дар сайри Остони мухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз Тоҷикистон  ду нафар хабарнигорони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ шомил гардида буданд.

Дар рӯзи аввали  чорабинӣ ҳайати журналистон  аз як   мактаби миёна, Донишгоҳи санъат, Донишгоҳи исломӣ, Боғи фарҳангию  фароғатӣ, Театри давлатӣ, Осорхонаи фарҳангӣ ва  Кӯчаи ҳунармандони шаҳри Урумчӣ, ки маркази маъмурии  Остони мухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳсуб мешавад, дидан намуда, бо таъриху фарҳанги мардумони маскуни шаҳр  аз наздик шинос гардиданд.
Масоҳати шаҳри  Урумчӣ 15173, 13  км 2 ва аҳолии он 3,5 млн. нафарро  ташкил дода,  дар ин шаҳр  намояндагони зиёда аз 13  халқияти  гуногун  паҳлӯи ҳам аҳлона кору зиндагӣ доранд. Урумчӣ бо шаҳрҳои Душанбе, Алма Ато ва Челябински Федератсияи Русия   бародаршаҳр мебошад.
Дар мактабе, ки мо аз он дидан намудем, ба фаъолияти омӯзгорон аз рӯи ихтироъкории шогирдон ва дарёфти мақоми онҳо дар ҷомеа  баҳогузорӣ мешавад. Мактаби  мазкур  аз шаш ошёна иборат буда, дар ҳар синф қариб 40 -50 нафарӣ шогирдон дарс мегиранд, ки   ҳамаашон бо забони англисӣ озодона ҳарф зада, дар соҳаи ихтироъ низ дастовардҳои бузург доранд.
Аз ин диданҳо аён гардид, ки  дар Синзян  соҳаи маориф мақоми махсус дорад. Мувофиқи нишондоди масъулин  аз соли 2011 то 2015 ба Синзян, ҳамасола зиёда аз 50 миллиард юан  барои ташаккули соҳаи маориф маблағгузорӣ мешавад. Аз тирамоҳи соли 2003  сар карда, Синзян барои  20 миллиону 50 ҳазор хонандаи таҳсилоти ҳатмии 56 ноҳия ва шаҳраш, ба хусус қисмати ҷанубашро аз хароҷоти иловагӣ озод намуда, китобҳои дарсиро ба хонандагон ройгон медиҳад.

Аз тамошои  шаҳри азими Урумчӣ  ва шиносоӣ бо ҳаёту фаъолияти мардумон касро эҳсоси хушҳолӣ фаро мегирад, аз он ки ин аҳолӣ, новобаста аз намояндагони миллатҳои гуногун будану  дар дину мазҳаб ва забон аз ҳам фарқияти калон доштан, аз шаҳрванди Чин буданашон ифтихор доранд ва мақсади ягонаву асосиашон  пешрафти ватанашон мебошад. Ва фикр мекунам, ки маҳз ваҳдати байни  мардумонаш боиси  ба яке аз  шаҳрҳои бузурги иқтисодиву тиҷоратии  Чин унвон ёфтани  шаҳри Урумчӣ гардидааст. Бахусус, вақте ки аз як оилаи интернатсионалӣ, ки дар он намояндагони 7 миллат  зиёда аз 50 сол  аҳлона бо ҳам зиндагӣ доранд, дидан намудем, ба ин андеша муътақид гардидам. Аҷоиб он буд, ки аъзои ин оила, ки намояндагони миллатҳои гуногун буданду  дину мазҳабашон  ҳам аз  якдигар фарқи калон  дошт,  мушкиле дар оиладорӣ надоштанд ва ин  гуногунрангӣ ҳаргиз монеаи зиндагии хушбахтонаи онҳо нагардидааст.
Биноҳои баландошёнаи  иборат аз 33-40 қабат, роҳҳои мошингарди сеқабата, марказҳои бузурги савдо, мардумони хушмуомилаву бофарҳанги   шаҳри Урумчӣ касро дилбохтаи ин шаҳр гардонида, дар   хотираи кас  нақши гуворо боқӣ мегузоранд.
Чиниҳо ба як андеша муътаақиданд, ки мегӯянд: «Синзянро надида,  бузургии Чинро эҳсос намудан ғайриимкон аст».
Дар ҳақиқат ҳам журналистоне, ки дар чаҳорчӯбаи чорабинии «Камарбанди иқтисодии Роҳи  бузурги абрешим»  вориди Синзян шуда,   аз шаҳрҳои Чугучак, Хотан, Инин, аз Минтақаи рушди иқтисодии Қошғар ва Хоргос дидан намуданд,  дурустии ин гуфтаро тасдиқ  намуданд.

Масоҳати Синзян  1 743 441 км², аҳолиаш 21 813 334  нафарро  ташкил дода,  дар он зиёда аз 47 миллати  гуногун паҳлӯи ҳам аҳлона зиндагӣ мекунанд. Аз ҷумла, ӯйғурҳо нисфи аҳолӣ, ханзуҳо 7 %,  қазоқҳо 6,74%, дунганҳо 4,55%, қирғизҳо 0,86%, муғулҳо, қалмикҳо, дунсянҳо, даурҳо 1,14%, тоҷикҳо 0,21%, сибоҳо 0,19%,  узбекҳо 0,066% ,  русҳо 0,048 %, тибетҳо 0,033%,  тоторҳо 0,024%  ва ғайраро ташкил медиҳанд.
Синзян аз 6 як ҳиссаи сарзамини Чинро ташкил  дода, дар ҷойе ҷойгир аст, ки дар ду канораш 1,3 миллиард аҳолӣ зиндагӣ менамоянд. Аз қадим аз ҳудуди ин минтақа Роҳи бузурги абрешим мегузашт, ки дар чанд соли охир баҳри эҳё ва рушди дубораи ин роҳ дар Синзян тадбирҳои амалӣ андешида шуда, бо ин мақсад Кумитаи форуми тараққӣ ва ҳамкории шаҳрҳои «Камарбанди иқтисодии Роҳи бузурги абрешим» ташкил карда шуд. Синзян минтақаи марказии сохтмони «Камарбанди иқтисодии Роҳи бузурги абрешим» мебошад.
Бо туфайли сохтмони роҳҳо Синзян метавонад  ба 2,6 миллиард аҳолии атрофаш хизмат расонад. Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ Синзян дар маркази Авруосиё қарор дошта,  17 гузаргоҳи дараҷаи аввал аз тариқи шимолу ҷануб, баландкӯҳҳои Помир Синзянро бо 8 кишвари атроф, аз ҷумла Муғулистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистону Ҳиндустон мепайванданд.
Дар ду самти остони Синзян  дар ҷануб -Минтақаи рушди иқтисодии Қошғар ва дар шимол -Минтақаи рушди иқтисодии Хоргос қомат афрохтаанд. Яке аз барномаҳои қабул кардаи Синзян ин «Оид ба аҳамияти сиёсӣ ва воситаҳои махсуси санҷишии минтақаҳои иқтисодии Қошғар ва Хоргос мебошад.
Қошғар ва Хоргос — ду минтақаи рушдкунандаи иқтисодии Синзян метавонанд, 10 сол даромади молиявии дохилиро аз соли 2012 то 2021 пурра захира намоянд (аз ҷумла, андозҳои дохилӣ). Шурӯъ аз соли 2014 Синзян  барои рушду инкишофи ин минтақаҳои иқтисодӣ   маблағи 50 млн доллар, ё ин ки 1 млрд долларро ҳамчун кумаки иловагӣ  ба нақша гирифтааст,  ки ба сохтмони инфрасохтори ин ду минтақа равона мегарданд.

Хоргос  ҳанӯз дар замони сулолаи Сӯй Танг (солҳои 581-907) яке аз истгоҳҳои муҳимми роҳи қисмати шимолии Шоҳроҳи бузурги абрешим буд. Баъд аз таъсиси давлати Чини муосир, то имрӯз Хоргос даричаи Чин ба сӯи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ин аввалин Маркази байналмилалии ҳамкории байнимарзии Чин бо дигар кишварҳои хориҷӣ мебошад. Маркази ҳамкории байнимарзии Хоргос, дар ду ҷониби дарёи марзии Чин ва Қазоқистон ҷой гирифта, масоҳати он 5,28 км ²  буда, қисматҳои ҳар ду ҷониб  бо роҳрави махсус ба ҳам пайванд мебошанд.
Шахси масъули минтақаҳои рушдкунандаи Қошғар ва Хоргос зикр намуд, ки дар оянда бахшҳои ин минтақа ба иқтисодиёти Чин таъсири амиқ расонида, шояд аз Минтақаи озоди иқтисодии Шанхай рушди бештар ёбанд, ки он бевосита дар рушди ҳамкории тиҷоратии миёни  ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бо Чин саҳм хоҳад гузошт, аз ҷумла дар рушди ҳамкорӣ миёни Чину Тоҷикистон.
Хотиррасон менамоем, ки ягона гузаргоҳи байнимарзии Чин ва Тоҷикистон — Қаросу моҳи майи соли 2005 расман ифтитоҳ шуда, дар ноҳияи Тошқӯрғони Қошғар ҷойгир мебошад.
Гузаргоҳи Қаросу дар баландии 4300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, айни ҳол ягона гузаргоҳи марзии байналмилалии нақлиётгард ва ҳамлу нақл  миёни Чин ва Тоҷикистон мебошад.
Гузаргоҳ мавсимӣ буда, ҳамасола аз 20 апрел то 30-юми октябр фаъолият менамояд.
Бо сабаби афзудани иртиботи тиҷоратӣ миёни ду кишвар ва таъмини талаботи ширкатҳо аз соли 2012 сар карда, гузариши дархостӣ  ба роҳ мондааст, ки ин маънои онро дорад, ки ҳамасола баъд аз баста шудан  боз ду маротиба ба муддати аз 3 то 4 рӯз кушода мегардад.
Аз тариқи ин гузаргоҳ аксари молҳо содиру ворид мегарданд, аз қабили пахта, матоъ, маҳсулоти рӯзмарра, маҳсулоти сохтмонӣ, таҷҳизоти лоиҳакашӣ ва техникаи кишоварзӣ.
Иштирокдорони чорабинӣ аз сайри   Остони мухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин бо таассуроти амиқ ба ватан баргаштанд ва боварам комил аст, ки ҳар кадоме дар дил орзуи кишварашро дар ин поя дидан  ва дубора ба ин сарзамини афсонаҳо баргаштанро дошт.

Июнь 20, 2016 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид