Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Форуми сатҳи баланди рушди минтақавӣ ва сармоягузорӣ таҳти унвони «Фардои шукуфон ба воситаи сулҳ: Сармоягузорӣ ба масири тиҷоратии Транс-Каспий ва TRIPP» (Prosperity Through Peace – Investing in the Trans-Caspian and TRIPP) баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандону созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории пайваста ва судмандро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳори қадрдонӣ мекунад.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи «Масири тиҷоратии Транс-Каспий», аз ҷумла чаҳорчӯби “TRIPP” барои рушди ҳамгироии нақлиётӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупо манфиатнок арзёбӣ мегардад. Мавқеи географӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайваст намудани ин лоиҳа бо шоҳроҳҳои байналмилалӣ муҳим буда, имкониятҳои иловагӣ эҷод менамояд. Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкории ҳаматарафа бо кишварҳои шарик изҳор дошт.
Дар ин чорабинӣ мансабдорони баландпояи давлатӣ, дипломатҳои байналмилалӣ ва беш аз 40 роҳбарони корпоратсияҳои ҷаҳонӣ стратегияҳои ҳамгироии иқтисодӣ, таҳкими инфрасохтор ва сармоягузории бахши хусусиро дар тӯли хатсайри тиҷоратии Транс-Каспий ва чаҳорчӯби «TRIPP» баррасӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст






