ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир дар баробари рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои электронии пардохт ҳолатҳои ҷамъоварии маблағ бо истифода аз наворҳои сохта, аксҳои таҳрифшуда ва муроҷиатҳои эҳсосотӣ низ ба назар мерасанд. Дар баъзе мавридҳо шахсони ношинос ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо баҳонаи расонидани кумаки хайриявӣ, дастгирии шахсони ниёзманд ва зарардидагон аз шаҳрвандон интиқоли маблағро дархост менамоянд.
— Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағ эҳтиёткор бошанд. Аз пардохти маблағ ба суратҳисобҳои шахсони номаълум, фондҳои ношинос ва ё кортҳои шахсони бегона худдорӣ намоед. Зеро гурӯҳҳои алоҳидаи ифротгаро ва экстремистӣ метавонанд бо баҳонаи расонидани кумаки хайриявӣ, дастгирии шахсони ниёзманду зарардида ё бо дигар мақсадҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандон интиқоли маблағ дархост намоянд. Дар чунин ҳолатҳо фаъолияти зоҳиран хайриявӣ метавонад аз ҷониби шахсон ё ташкилоте амалӣ гардад, ки барои ҷамъоварии маблағ асосҳои қонунӣ надоранд ва ё эҳтимоли пайгирии ҳадафҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби онҳо вуҷуд дорад.
Бояд гуфт, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун шахсоне, ки ба чунин фаъолият мусоидат менамоянд, метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Намояндагӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба шахсони ношинос, ташкилот, фондҳо ва гурӯҳҳое, ки фаъолияти онҳо ба таври боэътимод тасдиқ нашудааст, маблағ интиқол надиҳанд. Пеш аз фиристодани маблағ зарур аст вазъи ҳуқуқии ташкилот ва шахси қабулкунандаи маблағ санҷида шавад.
Пеш аз анҷом додани ҳар гуна интиқоли маблағ ҳатман маълумоти пурра дар бораи гирандаи маблағ, номи расмии ташкилот, қонунӣ будани фаъолияти он, реквизитҳои бонкӣ ва мақсади ҷамъоварии маблағ санҷида шавад. Ба реквизитҳое, ки тавассути каналҳои ношиноси Telegram, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ё аз ҷониби шахсони номаълум пешниҳод мешаванд, маблағ интиқол надиҳед!
Инчунин дар ҳолатҳое, ки аз шаҳрвандон талаб карда мешавад, ки маблағро ба «корти шахсии бонкӣ, ҳамёни электронӣ ё суратҳисоби шахсони сеюм» интиқол диҳанд ё анҷом додани интиқол ба манфиати шахсон ё ташкилоти ношинос талаб карда мешавад, диққати махсус зоҳир намоед.
Бояд гуфт, ки тибқи қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия, маблағгузории терроризм кирдори ҷиноӣ буда, дар он ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун барои чунин кирдор ҷазо, аз ҷумла маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 сол ва дар ҳолатҳои муайяншуда ҳатто ҷазои якумра пешбинӣ гардидааст.
Аз ин рӯ, ҳатто агар ҷамъоварии маблағ бо баҳонаи «ёрии хайриявӣ» ё «кумаки иҷтимоӣ» пешниҳод гардад, дар ҳолати мавҷуд будани шубҳа нисбат ба гирандаи маблағ ё мақсади воқеии ҷамъоварӣ аз интиқоли маблағ худдорӣ намоед.
Намояндагӣ ба шаҳрвандони тавсия медиҳад, ки ба муроҷиатҳои эҳсосотӣ дода нашаванд. Ба ваъдаву исрори шахсони ношинос бовар накунанд. Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа ё гумонбарӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо оид ба ин масъалаҳо шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44 ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» ва Телеграмм муроҷиат намоянд. Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
— ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
— ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
— ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Твер, Смоленск ва Брянск +7 (923) 554 39 36;
— ҳавзаи федералии Приволжие, шаҳри Қазон: +7 (994) 100-95-59;
— ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, шаҳри Санкт-Петербург: +7(977)9632569;
— ҳавзаи федералии Сибир, шаҳри Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
— ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, шаҳри Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
— ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
— ҳавзаи федералии Шарқи Дур,шаҳри Хабаровск: +7(985) 2970835;
— Ҷумҳурии Саха -Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217 01 05.
АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират








Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?






