Дар ғарби Қазоқистон зимни амалиёти махсус се террорист дастгир шуданд

Июнь 13, 2016 10:10

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Се террористе, ки мавриди кофтуков қарор доштанд, зимни амалиёти махсус дар Актобе дастгир шуданд.  Дар ин бора Маркази зиддитеррористии Қазоқистон хабар дод.
Ба ситод оид ба мубориза бо терроризм дар бораи макони эҳтимолии ҷинояткорони боқимонда маълумот ворид шуд, ки ҳангоми санҷиш он тасдиқи худро ёфт. Неруҳои амниятӣ се нафарро дастгир карданд, ки зимни фирор яке аз онҳо ҷароҳат бардошт. Аз террористон ду адад силоҳи аз мағозаи «Паллада» дуздидашуда мусодира гардид.
5 июн ҷинояткорон ба ду мағозаи фурӯши силоҳ ва қисми ҳарбӣ ҳамла оварданд.  Дар натиҷа 7 нафар, аз ҷумла  сокинони осоишта ва ходимони ҳарбӣ ҳалок гардида, 13 ҷинояткор нобуд карда шуданд. Дар ин кишвар сатҳи миёнаи таҳдиди террористӣ- «зард» ба муҳлати 40 рӯз ҷорӣ шудааст.
Баъдан, рӯзи 10 июн зимни амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳри Актобе 5 ифротгароӣ дигар нобуд карда шуданд.

Июнь 13, 2016 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик