Дар Душанбе масъалаҳои истеъмоли маводи нашъаовар ва зарари он ба ҷисми инсон муҳокима гардиданд
Душанбе, 28.06.16. /АМИТ «Ховар»/. 28 июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ доир ба Маърӯзаи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2016 баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Агентӣ, Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Юсуф Қурбонов табрикоти директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федовро ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он қироат намуда, маърӯзаи ҷаҳонии СММ-ро оид ба маводи нашъаовар дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Дар маърӯза тағйироти охирин дар бозори маводи нашъаовари манъшуда, истеҳсоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ дар Афғонистон, мусодираи маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, истеҳсолот ва истеъмоли маводи нашъаовар шарҳ дода шуд.
Масирҳои асосии интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ, инчунин масъалаҳои истеъмоли маводи нашъаовар, зарари он ба ҷисми инсон ва рушди алтернативӣ, ба мисли стратегияи дарозмуддати мубориза бар зидди парвариши растаниҳои нашъадор таҳлил карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






