Дар Индонезия дар натиҷаи зилзила 14 нафар зарар диданд
Душанбе, 03.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар натиҷаи зилзила ба шиддати 6.5 балл, ки рӯзи панҷшанбе дар соҳили ҷазираи Суматраи Индонезия ба амал омад, на камтар аз 14 нафар ҷароҳат бардоштанд ва чандин биноҳо хароб гаштанд,- иттилоъ медиҳад агентии «Синхуа».
Бино ба иттилои Хадамоти геологии ИМА (USGS), зилзила дар соати 22:56 ба вақти UTC (01:56мск) ба қайд гирифта шудааст. Маркази заминларза 91 километр дуртар аз ғарби шаҳри Сунгайпенух ҷойгир буд.
Ҳамаи қурбониён дар минтақаи Песисири Чанубӣ зиндагӣ мекарданд. Бисёре аз хонаҳои истиқоматӣ зарар дидаанд ва баъзе аз онҳо пурра хароб шудаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






