Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-таълимии «Нури Ваҳдат» доир гардид

Июнь 20, 2016 09:18

Душанбе, 20.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. 18-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз шахсиятҳои маъруф ва пажӯҳишгарон семинари илмӣ-таълимии «Нури ваҳдат» баргузор шуд. Салима Раҷабова, ҷонишини директори китобхона аз силсилачорабиниҳои ин боргоҳи маърифат бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ёд карда, гуфт, ки ёди он рӯзҳое, ки миллатро ба вартаи ҳалокат мебурданд, вале бо азхудгузаштагиҳои фарзандони фарзонаи он, ба вижа Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  бо имзои паймони сулҳ онро наҷот бахшид, хеле муҳим аст.
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ  Аскар Ҳаким  шеъҳои тозаи худро дар васфи Ватан, Миллат, Ваҳдат, баҳор ва ишқ қироат намуда, ҳозиринро бо фаро расидани ин рӯзи сарнавиштсоз муборакбод гуфт.
Дар семинар беш аз 60 нафар  кормандони Китобхонаи миллии Точикистон ва аспирантону  унвонҷўёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Точикистон ширкат варзида, атрофи мавзӯъ табодули афкор намуданд.

Июнь 20, 2016 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик