Дар КМТ курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаъоланд
Душанбе, 30.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи шаш моҳи соли равон 597 нафар шаҳрвандон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар давраҳои омӯзишии забонҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ин теъдод 233 нафар дар давраҳои омӯзишӣ таҳсил карда, 64 нафари онҳо баъди хатми бомуваффақият соҳиби сертификат гардиданд.
Соли равон нисбат ба соли гузашта курсҳои омӯзишӣ фаъолтар буда, донишомӯзон бо рағбати бештар машғули забономӯзиянд.
Дарсхонаҳо пурра бо воситаҳои нави техникӣ муҷаҳҳаз шуда, барои донишомӯзон шароити мусоиди омӯзиши забонҳо фароҳам оварда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дарсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар КМТ ҳафтае се маротиба гузаронида шуда, дар он омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷалб карда шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






