Дар Рӯзи мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ гузаронида шуданд

Июнь 28, 2016 10:49

Душанбе, 28.06.16. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн — дар Рӯзи мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар Боғи Ирами пойтахт бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабинии зиддимухаддиротӣ гузарониданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, ҷавонон бо  шавқу ҳавас гӯшаи АНМН- ро бо аксҳо тамошо намуда, дар озмун иштирок намуданд.
Хамчунин бахшида ба ин рӯз  аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар Маркази наркологии вилоят байни беморони нашъаманд ва ҷавонони солим суҳбат баргузор гардид. Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ дар он буд, ки пеши рохи ҷалб намудани наврасон ва ҷавонон ба нашъамандӣ гирифта шавад.
Дар чорабинии мазкур чавонони маҳаллаи Хоруғи Боло ва беморони маркази наркологӣ ҷамъ омада, байни ҳам саволу ҷавоб ташкил намуданд ва ҷавонон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Беморони нашъаманд ба ҷавонон тавсия доданд, ки ҳеҷ гоҳ ба истеъмоли маводи нашъаовар даст назананд, чунки он оқибати ногувор дорад.
Чунин чорабиниҳо дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо ҷавонони маҳаллаи Беморхона ва дар Маркази ҷавонон бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва ҷавонони маҳаллаи Гулакен баргузор гардиданд.

Июнь 28, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе