Дар қӯшунҳои сарҳадӣ Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд

Июнь 28, 2016 09:27

Душанбе, 28.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 19-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ҷашни Ваҳдати миллӣ дар дастгоҳи марказии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо иштироки роҳбарон, кормандон ва меҳмонон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовини якуми Фармондеҳ, сардори сарситоди ҚС КДАМ ҶТ Изатулло Файзуллоев, директори энсиклопедияи Вазорати фарҳанги ҶТ Н.Қ. Амиршоев ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода дар бораи моҳияту аҳамияти ваҳдати миллӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва ба ин восита барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.

Июнь 28, 2016 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе