Дар Қурғонтеппа Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил гардид
Қурғонтеппа, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 июн дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Қурғонтеппа чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид. Дар он кӯдакон аз муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои санъат ва ихтироъкорони ҷавон иштирок карда, дар намоишгоҳ маҳсули дастони худро муаррифӣ намуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода кӯдаконро бо ин ҷашн табрик намуда, ба ғолибони озмунҳои «Рақси беҳтарин», «Сарояндаи беҳтарин», «Рассоми беҳтарин» ва «Дастони моҳир» туҳфаҳо супорид.
Тавре иттилоъ дода будем, бо қарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо мақсади ба ҳаёти солим ҷалб намудани кӯдакон ва дарёфти истеъдодҳои наврас бахшида ба Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон — 1 июн дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии вилоят аз 24 то 31 майи соли 2016 дар доираи «Як ҳафтаи ҳаёти кӯдакон» озмунҳои «Рақси беҳтарин», «Сарояндаи беҳтарин», «Рассоми беҳтарин» ва «Дастони моҳир» гузаронида шуданд.
Мақсади озмунҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб, аз қабили ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон, дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим буд.











Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






