Дастаи мунтахаби Испания ба бозиҳои плей-офф роҳхат гирифт

Июнь 18, 2016 12:06

Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Испания дар бозии даври дуввуми гурӯҳи «D»-и бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо мунтахаби Туркияро бо натиҷаи 3:0 шикаст дода, ба бозиҳои пелей-офф роҳхат гирифт. Шогирдони Висенте Дел Боске  дар тамоми рафти бозӣ дар варзишгоҳи «Стад-де-Нис» ба футболбозони турк имкон надоданд, ки ба сӯи дарвозаи Де Хеа зарбае зананд ва ё вазъияти голзаниро ба вуҷуд оранд. Дар натиҷа Мората(34,48) ва Нолито(37) дарвозабони мунтахаби Туркия Бобоҷонро маҷбур карданд, ки тӯбро аз дарвозааш гирад.
Дар бозии дигари рӯз сабқати дастаҳои ҳамсоякишвар Чехия ва Хорватия аз ин гурӯҳ натиҷаи мусовиро ба бор овард. Хорватҳо, ки то дақиқаи 76 бо ҳисоби 2:0 дар сафи пеш буданд, то ба анҷом ин бартарии худро нигоҳ дошта натавонистанд ва вохӯрӣ бо натиҷаи сулҳомези 2:2 ба поён расид. Перишич(37) ва Ракитич(59) аз Хорватия ва Шкода(76) бо Нетсид(89, пеналти) аз Чехия муаллифи голҳо шуданд.
Мухлисони тими мунтахаби Хорватия дар ҷараёни вохӯрӣ ба бетартибиҳо даст зада, оташи тарфро ба майдон партофтанд ва қариб буд, ки он боиси манъ шудани вохӯрӣ гардад. Аз тарафи дигар занозании байни мухлисон дар қисмати нишҳастгоҳҳои мухлисони Хорватия сар зад. Ба ин нигоҳ накарда вохӯрӣ то ба анҷом идома ёфт  ва дар ин масъала Кумитаи одоби УЭФА қазияи худро ба тасвиб хоҳад расонд.
Дастаи мунтахаби Италия низ пеш аз мӯҳлат баъди пирӯзиаш бар дастаи мунтахаби Шветсия(1:0) аз гурӯҳи «Е» ба бозиҳои плей-оф роҳ ёфт.
Ҳамин тавр новобаста ба бозиҳои даври сеюм дастаҳои мунтахаби Фаронса, Испания ва Италия муборизаро барои Ҷоми Аврупо-2016 дар марҳалаи 1/8 ниҳоӣ идома медиҳанд. Имрӯз Белгия бо Ирландия, Исландия бо Маҷористон ва Португалия бо Австрия дар идомаи бозиҳои даври дуввум вориди майдон мешаванд.

Июнь 18, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад