Дастаи мунтахаби Русия бо сари хам бозиҳои ниҳоии Евро-2016-ро тарк гуфт
Душанбе,21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби Русия дар бозии охирини гурӯҳи «В» аз дастаи мунтахаби Уэлс бо натиҷаи 3:0 шикаст хӯрда, бо сари хам Фаронсаро тарк гуфт. Ҳунарнамоии дастаи мунтахаби Русия дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо ҳамон дастаеро ба ёд меорад, ки бо номи тими мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои ахир ёд мешавад. Дастаи мунтахаби Русия танҳо бо бозии роҳатбахшаш дар Евро- 2008 зери роҳбарии Гус Ҳиддинг ҳамаро ҳайратзада карда буд, аммо солҳои минбаъда бозӣ боз ба ҳамон усули кӯҳнаи худ тобиш хӯрд ва тими мунтахаби Русия бозие нишон намедиҳад, ки боиси таъриф бошад. Дар Евро 2016, ки дар остонаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар Русия қарор дорад, русҳо мисли мизбонони Ҷоми ҷаҳони оянда худро нишон дода натавонистанд. Танҳо Игор Акинфеев, дарвозабони дастаи мунтахаби ин кишвар бо маҳорати фардиаш дар ёди мухлисон боқӣ хоҳад монд. Агар ин дарвозабон намешуд, шояд русҳо дар ҳама бозиҳои Евро-2016 бо натиҷаи калон мағлуб мешуданд. Се голи Ремзи, Тейлор ва Бейл шодию нишотро ба кишвари Уэлс овард ва то бозии дигар онҳо қаҳрамонҳое мебошанд, ки дастаашонро ба бозии чаҳорякниҳоӣ роҳхат додаанд.
Дар ин гурӯҳ бозии байни дастаҳои мунтахаби Англия ва Словакия бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт ва Уэлс баъди ин ғалаба ба садри ҷадвали гурӯҳи «Б» баромад.
| N | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | УЭЛС | 3 | 2 | 0 | 1 | 6-3 | 6 |
| 2 | АНГЛИЯ | 3 | 1 | 2 | 0 | 3-2 | 5 |
| 3 | СЛОВАКИЯ | 3 | 1 | 1 | 1 | 3-3 | 4 |
| 4 | РуСИЯ | 3 | 0 | 1 | 2 | 2-6 | 1 |








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






