Дастаи «Помир»-и Душанбе муборизаро барои Ҷоми Тоҷикистон идома медиҳад
Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Охирин иштирокдори бозиҳои 1/8- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд. Дастаи «Помир»-и Душанбе дар вохӯрии ҷавобӣ бо тими «Сомон»-и ноҳияи Данғара вохӯрда, бозиашро бо ҳисоби 2:2 анҷом дод ва аз натиҷаи ду вохӯрӣ ба даври минбаъда роҳхат гирифт.
Ёдрас мешавем, ки бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе бо ғалабаи шогирдони Зайниддин Раҳимов бо натиҷаи 3:2 ҷамъбаст шуда буд ва акнун дар қуръакашие, ки имрӯз дар бошгоҳи ФФТ баргузор мегардад, «Помир» ба қатори 10 дастаи Лигаи олӣ-«Истиқлол», «Ҳосилот», КМВА «Помир», «Вахш», «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Хайр», «Регар-ТадАЗ», «Парвоз», «Равшан» ва ғолибони вохӯриҳои қаблии дастаҳои Лигаи якум «Саройкамар», «Панҷшер», «Канд», «Бохтар» ва «Ваҳдат» шомил шуд.








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






