Деваштич: Дар Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ва бадалнашаванда пойдор аст
Деваштич, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ФҶСК «Бонки Эсхата» дар ноҳияи Деваштич дар бораи омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор шуд.
Раиси Шўрои духтарони ҲХДТ дар ноҳия Азиза Насриева дар бораи рисолати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои неки ин фарзанди фарзона нисбат ба давлату миллат ва мардуми сарбаландаш маърўза намуда, доир ба аҳамияти омўзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» зикр кард, ки таҷриба нишон дод, ки дар роҳи расидан ба сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ монеаҳои бартарафнашаванда қариб вуҷуд надоранд. Ба шарте, ки дар мадди аввал манфиати миллат, манфиати давлат ва манфиати кулли сокинони ҷумҳурӣ қарор дошта бошад. Имрӯз шукри он мекунем, ки сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон пойдор аст, сулҳи бебозгашт ва бадалнашаванда. Ба ибораи як сарвари воломақоми созмонҳои байналмилалӣ сулҳи комилан тоҷикона, ки дар хоку гили ин сарзамини азияткашида сабзидаву қомат афрохтааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба шахсони ба узвияти ҳизб қабулшуда шаҳодатномаҳои узвият супорида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






