«Диққат!!! Дар ин мавзеъ оббозӣ манъ аст!»- ҳушдор ба наврасон
Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ«Ховар»/. Аз тарафи Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Қурғонтеппа дар як зумра муасиссаҳои таҳсилоти умумии шаҳр корҳои фаҳмондидадиҳӣ оид ба пешгирии ҷавонон ва наврасон аз ғарқшавӣ дар каналҳои атрофи шаҳр ҷамъомадҳо гузаронида мешаванд.
Дар ҷамъомадҳо оид ба қоидаҳои шиноварӣ ва оббозӣ, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми ғарқшавии одамон маълумоти муфассал дода мешавад.
Тавре сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Қурғонтеппа Зоирҷон Фатҳуллоев иброз намуд, мақсади чунин иқдомҳо, пеш аз ҳама, пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар ҷомеа ва дар мавзеъҳои хатарнок шиноварӣ ва оббозӣ накардани наврасону ҷавонон мебошад.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар атрофи каналҳои «Ҷайҳун» «Бибихонум» ва «Гирди шаҳр» тоблуҳои «Диққат!!! дар ин мавзеъ оббозӣ манъ аст, ҳаёти худро зери хатар нагузоред» гузошта шудааст, вале аз бемасъулиятии баъзеҳо онҳо канда шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






