Ду медали самбочиён дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Маскав
Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Маскав мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи самбо доир гардид, ки дар он паҳлавонони тоҷик ширкат варзида, бо ду медали биринҷӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар мусобиқаи мазкур, ки аз 16 то 20-уми июн байни дастаҳои мунтахаби кишварҳои узви Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД) гузаронида шуд, варзишгарон аз Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Беларус ширкат карданд.
Ба Хайрандеши Муродалӣ муяссар шуд, ки дар вазни 65 кг соҳиби медали биринҷӣ гардад. Баъди ғалаба ба паҳлавонони Арманистону Русия, Хайрандеш дар вохӯрии нимниҳоӣ аз варзишгари қирғиз мағлуб шуд.
Паҳлавони дигари мо Сомон Сангов дар вазни 48 кг натиҷаи ҳамдастаашро такрор карда, сазовори медали биринҷӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа 4 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






