Дурнамои рушди риштаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Июнь 16, 2016 08:37

Хоруғ, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни  Ваҳдати миллӣ  таҳти унвони  «Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» дар  меҳмонхонаи «Сирена»-и шаҳри Хоруғ конфронси навбатӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ Абдуллозода Аҳтам Рустам, мутахассисони соҳа, коршиносони масоили ҷаҳонгардӣ ва роҳбарони меҳмонхонаҳои давлатию хусусӣ ширкат варзиданд.
Дар конфронс зикр гардид, ки кишвари мо дар риштаи сайёҳӣ имкониятҳои фаровон дорад ва ҳукумати ҷумҳурӣ низ барои рушду ривоҷи ин соҳа бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Ба наздикӣ шеваи гирифтани раводид барои сайёҳони хориҷӣ комилан сода карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ҳар як сайёҳ  имкон дорад бидуни сарфи вақт аз фурудгоҳи кишвараш ва ё ба воситаи шабакаи интернет раводидро дастрас намояд. Бо ба роҳ гузоштани ин низом теъдоди сайёҳон боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.
Яке аз омилҳои асосии пешрафти соҳаи сайёҳӣ- ин фазои амну осудаи кишвар аст, ки хушбахтона, дар ин масъала мо ҳеҷ мушкил надорем. Таҳияи хати сайр, таъмини тарҷумону роҳбаладҳо, бунёди меҳмонхонаҳои хурд бо шароити муосири хизматрасонӣ ва тарғиби шароиту имконоти туристии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ бастагӣ дорад, ки умедворем он батадриҷ ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Баъди конфронс дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳр фестивали ҷавонон бо номи «Боми  ҷаҳон» бо ширкати гурӯҳҳои ҳунарӣ аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Июнь 16, 2016 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад