Эмомалӣ Раҳмон дурахшонтарин абармард дар таърихи миллат аст
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Як замон китоби таълифнамудаи як донишманди риштаи ҳуқуқро хонда будам, ки бо чунин ҷумлаҳо оғоз мешуд: «Дилхоҳ кишвари муосирро ба киштии бузурге шабоҳат додан мумкин аст, ки бо қувваю маҳорати маллоҳон он дар уқёнуси беканори ҷаҳонӣ шино мекунад. Дар ҳайати киштӣ гурӯҳи маллоҳоне қарор доранд, ки бори масъулияти ҳаракати бехатарии киштиро ба уҳда гирифтаанд. Ба ин даста капитани киштӣ роҳбарӣ дорад, ки барои ҳаракати босуръати киштӣ, беосеб бартараф намудани мавҷҳои пуртуғён, шахҳои зериобӣ, тӯфонҳои пуршиддати сари роҳ, дарёфти оқилонаи «боди мурод» масъулияти бузург бар дӯш дорад. Ин киштӣ ба соҳили мақсад дар мавриде мерасад, ки агар капитан ва дастаи маллоҳон якдилона тибқи нишондодҳои қутбнамо фаъолият бурда, қоидаҳои киштирониро ба роҳбарӣ гиранд».
Дар ин мисоли рамзии мо, ки манзури хонанда мегардонем, сарнишини киштӣ Президент, дастаи маллоҳон- хизматчиёни давлатӣ, қутбнамо- Конститутсия ва қоидаҳои киштиронӣ- илми идоракуниро ифода мекунад.
Созмони идораи давлатии муосир ва ташкили ниҳоди Пешвои миллат бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба осонӣ рӯи кор наомад. Он маҳсули таҳлилу натиҷагириҳо аз сабақҳои таърихӣ ва таҷрибаи ғании ҷаҳонӣ буда, бо назардошти амалияи ҳаёти давлатию ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои хоси Тоҷикистон зуҳур намуд.
Умумияти фаъолияти ниҳоди пешвоӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ муаррифии олии давлат дар дохили кишвар ва арсаи байналхалқӣ маҳсуб мешавад.
Таъсиси ниҳоди Пешвои миллат марҳилаи рушди давлатдорӣ ҳисоб ёфта, дар роҳи тасдиқи рукнҳои давлатдории муосир қадами устувор гардид.
Ниҳоди пешвои миллат дар фарҳанги сиёсии кишварҳои тозаистиқлол моҳиятан падидаи наву нодир мебошад ва арзишу манзалати онро на танҳо дар сиёсат, балки дар матни таърих ҳам дақиқан ва оҷилан бояд муайян сохт.
Башарият гувоҳ аст, ки на ҳама сарварони давлатҳо ба таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд. Як шахсият вақте ба падидаи пешвои миллат табдил мешавад, ки вай бо дарки масъулияти таърихии худ дар сарнавишти ҳамватанонаш барои як кишвар барномаи дақиқ ва масири пуриқтидори пешрафтро эҷод ва василаҳои амалӣ шудани онро фароҳам меоварад.
Дар қарни бистум дар таърихи башарият номҳои пешвоёни эътирофшудаи миллатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Шарл де Голл, Маҳатма Гандӣ, Ли Куан Ю, Франклин Рузвелт, Дэн Сяопин, Махатхир Муҳаммад дохил шудаанд. Ёдоварӣ аз ин сиёсатмадорони номдор ҳамчун шахсиятҳои таърихӣ тасодуфӣ нест, зеро ки онҳо барои миллату давлати хеш хидмати барҷаста ва беназир кардаанд. Онҳо на танҳо мақому нақши ҷаҳонии кишвари худро тақвият бахшида, ҷаҳиши стратегиро дар иқтисод, сиёсат ва фарҳанг барномарезӣ ва амалӣ карданд, балки дар шароити хеле мураккабу ҳассос ва тақдирсоз тавонистанд роҳи комил, роҳи расидан ба орзуҳову ормонҳои инсониву миллии ҳамватанони худро дарёфта, ҳамчун неруи муттаҳидкунандаи миллат дар густариши ғояҳои ваҳдатофарин ва ояндасоз нақши таъсиррасони худро гузоранд.
Ба ҳамин маънӣ, дар даврони нав мардуми дунё Махатхир Муҳаммад – пешвои мардуми Малайзия, Ли Куан Ю – сарвазири Сингапур, Дэн Сяопин – раҳнамои мардуми Чин, Н.А.Назарбоев Пешвои милати Қазоқистон, Падари миллати турк –Ататуркро чун пешвои миллат– шахсиятҳои барҷастаи миллатсоз мешиносанд. Ин пешвоён, аз як сӯ дар замони худ, дар заминаи иттиҳоди миллат, пешрафти давлат ва кишварашон ба муваффақиятҳо расида, аз сӯи дигар, барои рушду такомули миллати худ дар замонҳои баъд, заминаи устувор ва ҷиддӣ муҳайё сохтаанд.
Пешвоёни миллӣ тавонистаанд нақшаи пешрафти ояндаро дар пояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ пешниҳод ва дар кишварашон амалӣ кунанд, ки таърих бо гузашти замон самараи хеле барҷастаи онҳоро исбот кардааст.
Ва ниҳоят, пешвоёни миллие, ки дар боло ёд шуданд, соҳиби обрӯву эътибори байналмилалӣ гаштаанд. Гуфтан бамаврид аст, ки доираи фаъолияти онҳо маъмулан аз доираи кишварҳояшон берун баромада, ташаббус ва тадбирандешиҳои байналхалқии ин пешвоён ба пешрафти кишварҳои дигари ҷаҳон низ таъсири мусбат бахшидааст.
Дар робита ба ин, хосатан зарур аст сухане чанд аз муваффақиятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рисолати Пешвоии миллат дар ибтикороту амалҳои ӯ ҳануз аз овони нав ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастанаш таҷассум ёфтааст, бигӯем. Дар Ҳиндустони замони Маҳатма Гандӣ муқовимати зиддиистеъморӣ авҷ гирифта буд, дар Фаронсаи замони Шарл де Голл оқибатҳои фоҷеабори фашизм бартараф карда мешуданд. Саргузашти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои мо Эмомалӣ Раҳмон сароғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки дар боло зикр шуданд, монанд аст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангҳои бемаънӣ рӯ ба рӯ буданд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии Пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид гардонидани гурӯҳҳои мухолифи ҷомеа дар асоси ғояҳо ва кору пайкори тоза, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва таҳлили дақиқи воқеиятҳо дар доираи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар пайи хомӯш кардани алангаи сӯзони ҷанги кишвари худ шуд, бо гурӯҳҳо ва неруҳои мухолиф ва ҷангҷӯёни дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз намуд. Имрӯзҳо мардуми кишвар ба хуби медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷонфидоиҳои беназире дар таърихи миллати тоҷик кардааст ва ҳар касе инро нодида мегирад, барҳақ ношукр ва ё кӯр аст. Якум, бидуни истисно тамоми узви ҷомеаи дохилӣ ва байналмилалӣ эътироф мекунанд, ки барқарор шудани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар мамлакат аз бузургтарин хидмати Пешвои миллати мост. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарони давлатҳои собиқ Шӯравӣ ин корро ба гунаи Эмомалӣ Раҳмон анҷом надодаанд. Хидмати дуюме, ки Пешвои муаззами мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи миллати хеш кардааст, ин барқарор сохтани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ба даст овардани Истиқлолияти устувори Тоҷикистон ва таъмини амнияти мардуми кишвар мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки барқарор намудани равобит бо кишварҳои дуру наздик дар пояи манфиати миллату кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳар давлат ба шумор меравад. Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо дар мақоми Раёсати олии кишвар ин сабкро дар муносибати кишвар бо давлатҳои хориҷӣ ба таври аҳсан ба роҳ мондааст. Коршиносон ва донишмандон дохиливу хориҷӣ равобити ҳасанаи Тоҷикистонро бо соири кишварҳо,ки воқеан ба кишвари мо ғараз надоранд ва хостори равобити солим ҳастанд, аз ҷумлаи муваффақиятҳои ӯ медонанд.
Даст ёфтан ба ҳифзи тамомияти арзӣ ва меъёри тавозун дар манфиатҳои иҷтимоӣ тавассути таҳияи роҳи сиёсие муяссар мешавад, ки тамоюли пешрафти сиёсати ҷаҳонӣ ва ниёзҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро дар назар дошта бошад. Эҷоди созиш ва эътимоди тарафҳои даргир дар ҷанги дохилӣ, базудӣ барқарор шудани сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки дар муддати кӯтоҳ силсилаи чорабиниҳои муассири сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд сомон дода шаванд.
Аслан асоси пирӯзиҳои таърихии Эмомали Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созандаи ӯст, ки бо неруву иродаи қавӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама васила ва заминаҳоро муҳайё сохт. Ҳамин сиёсати қавӣ буд, ки ҷомеаро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард, бо татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар низоми пурра ва фазои мусоидро устувор намуд, ки он сарчашмаи ҳамаи бунёдкориҳо, тараққиёт ва ободкориҳои кишвари мост.
Бо пирӯзии сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро масири пешрафти худ интихоб кардааст, эътимод қоил шуд, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ба Тоҷикистон дасти кумак ва ҳамкорӣ дароз карданд, ки нишонаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати дарҳои боз ва муносибати ҳасана бо соири кишварҳои дунё ба шумор меравад.
Дуруст аст, ки дар таърихи навин ҳарфи Президент, андеша ва пешниҳодҳои инсондӯстонаи ӯ дар бузургтарин ва баландтарин минбарҳои ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Мутаҳид садои миллати тоҷик аст, ки ба ғуруру ифтихор ва бо камоли шоистагӣ танинандоз аст. Дар маҷмӯъ, сиёсати мутавозини хориҷӣ, мавқеи равшану устувор дар мубориза бар зидди ифротгароӣ, бунёдгароӣ, терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои дигари ҷаҳонӣ, ширкати амалӣ ва эҳсоси масъулияти Сарвари давлат дар ҳалли масъалаҳои мубраму умумиинсонӣ сабаб шудаанд, ки Тоҷикистон узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин дастоварди барҷастаи миллӣ ва таърихӣ дарвоқеъ ба кору пайкори Президент Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошад. Татбиқи ҳадафи сиёсӣ ба тактика ва механизми хосе такя мекунад, ки он усулу равиши муназзам ва сабки хоси давлатдориро дар бар мегирад ва ин дар фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон баръало ҳувайдост. Ба ин маънӣ пешво на танҳо идея ва барномаро пешниҳод мекунад, балки онро дар асоси қабули қарорҳои дурусти сиёсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои муносиб татбиқ менамояд. Дар муддати муайян шароит фароҳам офарда шуд, то ба Сарқонуни кишвар ба таври раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, мақомоти маҳаллии ҳокимият ба таври пурра ва комили ҳуқуқӣ барқарор карда шавад. Бо таҷдиди шохаҳои ҳокимияти давлатӣ тартиботи қонуниро бо такя ба манфиати мардум ҷорӣ намояд, фаъолияти вазоратҳо, идораву кумитаҳои давлатро ба низом оварад. Пешвои миллат ҳамчун кафили қонуният ва тартибот бо ҳифзи амнияти шаҳрвандон аз худсариҳои бюрократия, қонуншиканиҳо, ҳимояти ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон фазои муносиби эҷоди қонун ва риояти онро устувор намуд.
Дар натиҷа, халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор шудааст ва қодир аст амният, пешрафт ва беҳбуди ҷомеаро таъмин кунад.
Пешво бо назардошти манфиатҳои аксарияти ҷомеа қодир аст оммаро ба ҳалли проблемаҳои ҳаётан муҳими халқу давлат таҳрик бубахшад. Пайравии оммавии мардум аз сарвари худ дар асоси бедор кардани ғайрату ташаббуси одамон бо такя ба истеъдоди худододи пешво имконпазир мегардад. Таърихи биступанҷсолаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гувоҳ аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз Пешвои миллат тавонист ҷомеаро дар иҷрои вазифаҳои бузург раҳнамоӣ намояд ва мардум ҳам бо камоли ирода сарвари худро пайравӣ кунанд.
Суханрониву муроҷиатҳои Сарвари миллат ба мардуми кишвар ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон дастгирӣ ва ҳамовозии воқеӣ ёфтаву меёбад, чун ин тадбирҳо саривақтӣ, самимона ва бо дарки воқеияти имрӯза ба миён гузошта мешаванд. Мисоли равшани дастгирии ҳамаҷонибаи мардум аз ташаббусҳои Пешвои миллат сохтмони неругоҳи Роғун маҳсуб мешавад, ки ҳатто Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони ин НБО-ро бо он иқтидоре, ки дар даст дошт, уҳда карда натавонист.
Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахустини ба сари қудрат омаданаш изҳор карда буд, ки: «Кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард ва то он даме,ки як нафар гуреза аз Ватан дур аст, ором нахоҳам шуд. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем.»
Сарвари давлат на танҳо дар қаламрави сиёсат ва идораи давлат ба дастовардҳои азим муваффақ шуд, балки бо заминагузорӣ ба соҳаҳои дигар низ муваффақ аст.
Пайвастан ба низоми ҷаҳонии иқтисод ва фазои иттилоотии дунёи имрӯза, ба роҳ андохтани муомилоти пурвусъати иқтисодиву фарҳангӣ бо кулли кишварҳо манзалати ҷаҳонӣ пайдо кардани ёдгориҳои моддиву маънавии таърихӣ ва оину таомули тоҷикон, бахусус расмияти ҷаҳонӣ пайдо кардани Наврӯзи Аҷам, мақоми шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин маҷмаа ва қонунҳои ҷаҳон бо пуштибонӣ аз ҳаққу ҳуқуқ ва манофеи миллати тоҷик ва бо баррасиву пайгирии мушкилаҳои оламшумул аз ҷумлаи ибтикорот ва дастовезҳои бисёр муҳими халқи тоҷик ба раванди ҷаҳонӣ шудан маҳсуб мешаванд.
Баргузории ҷашнҳои бузурги миллӣ, арҷгузории нобиғагон ва номоварони гузашта, бо ибтикор ва иқдомоти беназири Президент, аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун оварданд, ки худшиносии тоҷиконро дар миқёси ҷаҳон вусъат бахшид. Яъне ҳадаф аз шинохти таърих, ҳикмату фарҳанг ва забону адабиёти оламгири ниёгон шинохти мақоми ҷаҳонии миллати хеш аст.
Эмомалӣ Раҳмон худ дурахшонтарин абармарде дар таърихи миллат аст, ки ин рисолати муқаддаси ормонӣ дар саропои фитраташ бо шукӯҳи тамом муҷалло аст.
Эътироф ва арҷ гузоштан ба падидаи Пешвои миллат на танҳо ба хотири қадршиносии хидматҳои ашхосест, ки дар як давраи таърихии миллате, кишваре нақши сарнавиштсоз доштанд ё доранд, балки ба хотири он аст, ки он муҳимтарин омили муттаҳидсозанда ва пешбаранда мебошад. Шояд пешвоёне, чун Эмомалӣ Раҳмон, зарурат ба чунин эътироф надоранд, аммо миллатҳо, кишварҳо дар шароити бархӯрди шадиди тамаддунҳо, манфиатҳо ва ҷаҳонишавӣ ба пешвоёни расман эътирофгашта зарурат доранд.
Сиёвуш Наботов,
устоди Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон.