Файзулло Баротзода: «Фарҳанги нави ваҳдатофаринӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Июнь 16, 2016 10:40

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  14 июни соли  равон директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода бо ҳамин унвон зимни баргузории Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Омилҳои асосии таҳкими Ваҳдати миллӣ дар шароити муосир: вазъ ва дурнамо», ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, суханронии илмӣ кард. Матни комили суханрониро пешниҳоди хонандагон мегардонем:

Ҳангоми расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар баробари мақомоти амалкунандаи сиёсӣ дар фазои сиёсии ҷумҳурии мо боз ду гурӯҳи асосии қудратхоҳ рӯи кор омад: яке неруи зиёиёни эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз  мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард; ва дигаре, рӯҳо­ни­ёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷи­кис­тон меҳисобиданд ва ба пиндори худ ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки ния­ти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд. Ин ду неруи сиёсӣ аслан ният доштанд бо дастгирии сарпарастони хориҷӣ қудрати сиёсиро ба даст оваранд ва бар зарари манфиатҳои миллӣ бо онҳо ҳамкорӣ карданд.

Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ба ҳукми тақдир ё таври тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён як айнияту монандӣ пайдо кард. Шигифтовар он аст, ки ин ҳақиқати талхи таҷрибаи рӯзгор дар солҳои 90-уми асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Афсӯси дигар он аст, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озоди­ҳои демок­ра­тӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина му­ҳайё сохт ва тадри­ҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Ин ҳизб ар­зиш­ҳои воло ва муқадда­соти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғараз­ҳои сиёсӣ истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуд, вале тасав­ву­роти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард. Онҳо таъсиси давлати исломиро бо ченакҳои қуруни вустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии ҷавонон талқин мекарданд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-ум дар кишвари мо тамоми заминаҳо барои бархӯрди бардавоми мусалла­ҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гу­­рӯҳ­ҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд. Қумон­дон­­ҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир дар давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд «ақаллияти созанда» (creative minority) пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба ин чолишу хатарҳои дохилию  беруниро дошта бошад. Маҳз ин ақал­лияти фаъол ва созанда бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтари­ни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва сарвари тавонои ҳамин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардид, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонист масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гирад. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки тай намудани ин роҳи пуршебу фарози истиқлолият ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдату якдилии саросарӣ ва сапедадами ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» расонид. Аз ин ҷиҳат, санаи 27 июни соли 1997 ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд. Тоҷикистон ҳамчун субъек­ти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.

Ба назари мо, дар ташаккули падидаи расидан ба санаи фараҳбах­ши сулҳи деринтизор ва Ваҳдати миллии тоҷикон ба инобат гирифтани чандин омили ҳалкунанда ҷойгоҳи калидӣ дорад:

  1. Ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонов. Ин интихоб ба раванди ҳар лаҳза тағйирёбандаи сиёсӣ ва амалияи зуд-зуд иваз кардани роҳбари аввали ҷумҳурӣ хотима бахшид. Гузашти айём нишон дод, ки ин қарори иҷло­сияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ оғози истиқрори сиёсии бардавом ва заминаи поягузории рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ будааст, зеро дар шахсияти Пешвои миллат дар баробари ормонҳои умумимиллӣ, орзуву умеди ҳамон манотиқи ҷуғрофии Тоҷикистон таҷассум ёфта буд, ки ба сабаби нооромиҳо нисбат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар бештар зарари иқтисодию молиявӣ ва маънавию равонӣ дида буданд.
  2. Бояд дуруст фаҳмида шавад, ки Созишномаи сулҳ байни Ҳукума­ти қонунии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи Тоҷикистон ба имзо расидааст. Бартарӣ додан ба амалкарди фавқулодаи ин ё он гурӯҳ ва ҳизби алоҳидаи сиёсӣ дар баргузории даврҳои музокирот аз рӯи адолат ва одобу инсоф нахоҳад буд. Ва ҳеҷ ниҳоди ҷамъиятию сиёсӣ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин дастоварди умумимиллиро натиҷаи фаъолияти маҳдуди худ ҳисобад.
  3. Ҷамъбасти фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои миллат буданро ҳанӯз дар ҳамон вазъияти ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ ошкор намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале боварӣ ба мардум ва иродаи дар муҳити хизмати неруҳои баҳрӣ обутобёфтаи Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро дар шахсияти ӯ гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Ӯ на танҳо тавонист, ки гурӯҳи ҳамфикрони созандаи худро дар ҳайати роҳбарии сиёсии кишвар ташкил намояд, балки инчунин аз байни анбӯҳи неруҳои мухолифин ақаллияти конструктивиро пайдо кард ва онҳоро ба ҳамкории ҷиддӣ сафарбар намуд.
  4. Суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар дар фарҳанги мардум солории ниёгони пурифтихори мо низ барои таҳкими пояҳои сулҳу Ваҳдат сахт мусоидат кард. Таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгашти наслҳо ба рӯзгори асли хешро осон гардо­нид, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон боло рафт ва дар ниҳояти кор фалсафаи қавианосири «сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ»-ро устувор кард.

Фарҳанги ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфи­ат­ҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки стратегияи рушди усту­вори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи беш аз ҳа­зор сол дар замири поки ниёгони пурифтихорамон нуҳуфта аст ва ба ҷуз он чизи дигаре нест. Таъмини ояндаи дурахшон  бе ваҳдату ягона­гӣ, якдилию якрӯягӣ ва рафтори содиқонаву мухлисона ба даст намеояд.

Вазъияти байналмилалӣ ва идома ёфтани ҳуҷумҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба кишварҳои мусулмонӣ дар заминаи суиистифода аз ар­зиш­ҳои дини ислом бар он далолат мекунад, ки таъсиси ҳаракатҳои сиёсӣ-идеологии монанд ба созмони террористии ба ном «давлати исломӣ» як навъ таҷрибаи ҷаҳонӣ шудааст. Ҳанӯз қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар роҳандозӣ намудани сиёсати худ аз усули дастгирии молия­вию низомии ҷангҳои динию мазҳабӣ ҳамчун омили асосии нигаҳдо­рии ихтилофот дар Ховари Миёна даст накашида­анд.

Ва ниҳоятан, бояд ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин бидонад, ки дар ҳамон солҳои мудҳиши 1992-1997 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми диниро ба дӯши худ гирифта, бар ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ садди роҳи ин раванди номатлуб шуд ва паҳншавии онро дар минтақа ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард. Насли ҷавони мо бояд аз ин ҳақиқати талх, вале бисёр наҷиби таърихи навини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалаташ бирасад ва онро арҷгузорӣ намояд.

Июнь 16, 2016 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон 233 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад
Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ ба фасли зимистон омода мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Дар Душанбе конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ барои рушди устувор доир гардид
«МАКТАБИ ХАБАРНИГОРОНИ ҶАВОН». Таҳти чунин унвон дар Хатлон даври омӯзишӣ оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад