Фарҳод Раҳимӣ: «Ваҳдати миллӣ дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии мардум ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад»

Июнь 23, 2016 09:13

Душанбе, 23.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ» бо иштироки Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯён доир гардид.
Дар конфронс Президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ аз нақши Роҳбари кишвар дар таҳкими ваҳдати миллӣ, наҷот додани халқи тоҷик  аз парокандашавӣ ва ҷалби мардум ба ободсозии Ватан ҳарф зада, аз ҷумла, гуфт, ки: «Боиси ифтихор аст, ки имрӯз халқи сулҳхоҳу ватанпарасти Тоҷикистон нуздаҳумин солгарди  Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ таҷлил мекунад. Ин  рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард ва миллати сарбаланди тоҷик зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ба созандагӣ ва ободкорӣ машғул аст.
Фаҳмиши ваҳдат хеле қадимист ва  шояд аз қадимтарин давраҳои  ҷомеаи инсонӣ ибтидо гирифта бошад. Зарурати ваҳдат дар раванди шаклгирии қабилаҳо ва шиддатёбии низоъҳои байни онҳо барои ҳифзи бехатарии аъзои қабила, ки ҳамбастагии зичи онҳоро тақозо дошт, лозим буд.
Вале гардиши таърих чун подоши ҳамаи ин ранҷу хориҳо моро ба эҳёи навини давлатдорӣ расонд. Табиист, ки нигаҳдошти ин атои тақдир, ин дастоварде, ки қарнҳо тоҷикон дар орзуяш буданд, бе ваҳдати комил имкон надошт. Роҳ ба сӯи он ниҳоят фоҷиабору шадид сурат гирифт.
Ҳамин нуктаро таъкид намуданиам, ки гузаштан ба давраи осоишта имкон дод, ки тамоми кӯшишу ғайрати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани зарари ҷанги шаҳрвандӣ, ба низоми муайян даровардани сохтори идоракунии маъмурӣ, ҷоннок намудани хоҷагии халқ ва ғайра равона гардад.
Ба Сарвари мамлакат- Пешвои миллат лозим омад, то дар қатори садҳо масоили мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили роҳсозӣ, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини қишрҳои камбизоати мардум, ба ҷойҳои зист баргардондани муҳоҷирон, тайёр намудани ҷойҳои корӣ, истифодаи оқилонаи инвеститсияҳои хориҷӣ, таъмини энергетикӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани иқтидори илмию фарҳангӣ, боз садҳо кору ташвиши дигарро, ки танҳо номоварди онҳо даҳҳо саҳфаро пур хоҳад кард, дар назар дошта, роҳи ҳалли онҳоро ёбад. Таъмини ваҳдати комил низ бевосита ба ҳалли ин масоил вобаста буд. Фазои сулҳу оромӣ имкон дод, ки масоили зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ба тадриҷ ҳалли худро ёфтаву барои рушди суръатноки онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Дар ҳама ҳолат бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки Ваҳдат фаҳмиши хеле васеъ дошта, масъулияти зиёдеро талаб мекунад. Мо ваҳдати миллӣ гуфта,  бояд танҳо ваҳдати тоҷиконро дар назар надошта бошем. Ваҳдат барои тамоми халқҳои ҷумҳурӣ якхела манфиатбахш буда, бояд чун ҳамдилию ҳамбастагӣ ва  ҳамтақдирии тамоми миллату халқиятҳои кишвар фаҳмида шавад.
Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат равона созем.
Бешубҳа, ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерую тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодию фараҳ гардонид.
Мусаллам аст, ки ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти  Ватанро  устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкорию созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ба мерос гузорад.
Таҳлилҳои таърихӣ, илмӣ ва муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки мо метавонем роҳи дар даврони истиқлолият тайкардаи худ, инчунин ваҳдати миллиро ҳамчун бозёфти нодири халқамон муаррифӣ намоем, зеро таҷрибаи ваҳдати миллии тоҷикон дар доираҳои илмӣ ва сиёсии дохиливу байналмилалӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор дорад.
Аз ин нуқтаи назар, дар шароити имрӯза, ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар муаррифӣ намоем. Чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар байни ҷомеа ҳарчи бештар густариш пайдо намояд.
Аз ин рӯ зарур аст, ки мардуми мо ва алалхусус, насли ҷавони кишвар андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудонопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош варзанд.
Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод.
Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.
Бояд таъкид намуд, ки ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаҳои сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад.
Яке аз вазифаҳои асосии мо  ин ташаккули ҷомеаи мутамаддини рушдкарда мебошад. Барои ташаккули чунин ҷомеа танҳо эъломи он нокифоя аст. Ҷиҳати амалӣ намудани он моро мебояд аз ҳарвақта бештар касбияту дониш ва таҷрибаро дареғ надошта, барои шукофоии давлати худ самаранок истифода намоем.
Боварии комил дорам, ки омили асосии тараққиёти кишвари мо- ин пеш аз ҳама, суботи иҷтимоӣ ва фазои ризоияту рафоқат аст. Бузургони мо ҳама умр таъкид бар он мекарданд, ки дар ҷое, ки ҷангу низоъ ҳаст, баракат аз он ҷо кӯч мебандад. Ин нукта, албатта, дар равони ҳар як тоҷикистонӣ решаҳои амиқ дорад ва таърих гувоҳ аст, ки мардуми мо аз азал онро гиромӣ медоштанд ва гиромӣ медоранд.

Июнь 23, 2016 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Иттифоқи дӯстии Роҳи абрешим дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Пагоҳ дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ҳавопаймо дар наздикии фурудгоҳи Вашингтон ба дарё афтод
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҚОНУНИ ТАНЗИМИ ТОҶИКИСТОН-НАМУНА БАРОИ ИБРАТ. Дар Қирғизистон барои исрофкорӣ дар тӯю маросими дафн ҷарима ситонида мешавад
Пагоҳ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Нахустин заминаи инноватсияҳо
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Хуҷанд ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст
Пагоҳ дар Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ доир мегардад