Ифтитоҳи бинои Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 26, 2016 11:49

Душанбе, 26.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ оғози расмӣ бахшид.

Иншооти мазкур дар давоми як сол бо харҷи 2 миллиону 630 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, дар ин ҷо шароити муосири хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ сеошёна буда, аз маркази иттилоотӣ ва кӯмак ба сайёҳон, мағозаҳои фурӯши тӯҳфаҳо, таҷҳизоти хизматрасонии иҷораи кӯҳнавардӣ, ҳуҷраи хушкашӯӣ, утоқҳои корӣ, толори баргузории маҷлис ва маркази соҳибкорӣ иборат  мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳам омада ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маркази мазкур метавонад дар як сол ба зиёда аз 5 ҳазор нафар сайёҳ хизмат расонад.

Гуфта шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ беш аз 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар зарфи чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо корхонаҳои хурди ҳунармандӣ, аз ҷумла сехҳои хонагӣ бо грантҳои ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, боиси бо кори фоидаовар таъмин шудани садҳо нафар занону духтарони хонашин гаштааст.

Гуфта шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ занону духтарони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои вилоят метавонанд маҳсули дасти худро барои фурӯш ба мағозаҳои маркази мазкур пешниҳод намоянд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми марказ низ утоқҳои корӣ бо пешрафтатарин технология муҷҷаҳаз карда шуда, дар маҷмӯъ барои фаъолияти пурсамари мутахассисон ҳам дар бахши сайёҳӣ ва ҳам дар самти соҳибкорӣ шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст.

Июнь 26, 2016 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон