Ифтитоҳи толори муосири варзишӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти бозори наздисарҳадӣ дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ

Июнь 26, 2016 10:52

Душанбе, 26.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 26 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ бинои толори муосири варзиширо ба истифода дод.

Маркази мазкур аз толори барҳавои дорои 60 ҷойи нишаст барои тамошобинон ва биноҳои ёрирасон иборат аст. Иттилоъ дода шуд, ки имкон аст дар ин ҷо чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили волейболу, баскетбол, гуштин, тенниси рӯйи миз ва ҳам маҷлису семинарҳо, ҷамъомадҳову чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шавад.

Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 2 миллиону 55 ҳазор сомонӣ буда, корҳои сохтмониро пудратчӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шариф” иҷро кардааст ва дар вақти сохтмон 38 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Тавре маълум гардид, бинои толори варзишӣ як қисми бозори наздисарҳадии маҳаллаи Тем аст, ки дар назди марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бунёд шудааст.

Дар бозор имкон фароҳам аст, ки шаҳрвандони ду давлати дӯсту ҳамсоя аз ин ҷо маводи ниёзи аввалро дастрас намоянд. Ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ чун бунёди пулҳои мошингузар, ки ду давлатро пайванд месозад, аз иқдомҳои шоиставу башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки баҳри пешрафти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардуми афғон бунёд шудааст. Дар бозори наздисарҳадӣ барои 300 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон  ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

Ҳадафҳои аслии бунёди толори варзишӣ низ омили рушди соҳаи варзиш, таъмини солимии ҷомеа ва таҳкими дӯстии мардуми тоҷику афғон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сохтмончиён барои бунёди чунин як иншооти муҳими варзишӣ арзи сипос намуда, ҷавононро ба тарбияи руҳу ҷисми солим ҳидоят кард.

Июнь 26, 2016 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд