Иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви ИДМ

Июнь 7, 2016 11:44

Душанбе, 7.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.
Қабл аз оғози кори ҷаласаи навбатӣ Сарвазири мамлакат нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев бо роҳбарони ҳайатҳои расмии кишварҳои узви ИДМ ширкат намуд.
Кори ҷаласаи навбатии  Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар қароргоҳи ҳукуматии «Ала-Арча» оғоз гардид ва дар  он зиёда аз 20 масъалаи муҳими ҳамгироии байнидавлатӣ ва масъалаҳои марбут ба фаъолияти минбаъдаи  молиявию ташкилии Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо дар нишасти доираи маҳдуд ва бо иштироки аъзои ҳайат,  аз  ҷумла оид  ба муҳимтарин масоили ҳамгироии иқтисодӣ, энергетикӣ, саноатӣ ва илмию техникӣ ва  тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тандурустӣ табодули афкор карда, доир ба ҷараёни татбиқи «Барномаи ҳамкории инноватсионии кишварҳои ИДМ дар  давраи солҳои 2015-2020», баргузории баҳисобгирии навбатии аҳолии кишварҳои ИДМ дар соли 2020, Стратегияи  «Саломатии аҳолии кишварҳои ИДМ», Консепсияи ҳамкории кишварҳои ИДМ дар мубориза алайҳи бемориҳои онкологӣ, «Барномаи кишварҳои ИДМ дар пешгирӣ ва табобати бемориҳои диабети қанд барои солҳои 2016-2020» ва дигар масъалаҳои марбут ба рўзномаи кории ҷаласаи навбатӣ қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Ҷараёни нишасти навбатии сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи рўзноманигорон  натиҷагирӣ карда шуд.

Июнь 7, 2016 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад