Камол Насрулло: Чакомаи Ваҳдати миллӣ

Июнь 23, 2016 15:13

Душанбе, 23.06.2016. /АМИТ “Ховар”/. Ваҳдати миллӣ  беҳтарин дастовари миллати тоҷик дар тӯли таърихи пурмоҷарову пурпечутоби ӯст. Ҳатто Истиқлолият, ҳатто озодии мо танҳо дар ҳолаи булӯрини  Ваҳдати  миллӣ арзиш ва дурахши оламгир метавонад дошта бошад.
Илми мо, дониши мо, фарҳанги мо, ҳунари мо, таърихи мо, ойинҳои башардӯстонаи халқи мо  гузаштаи пурифтихори миллати мо бо ҳамин  Ваҳдати миллӣ ва ягонагии бегазанди  халқамон арзиши башарӣ пайдо мекунанд.
Дар ин дунёи пурмоҷаро наметавон бе ваҳдати миллӣ ояндаи миллӣ ба даст овард.
Ваҳдати миллӣ бовари мо, сипари  мо, зафари мост. Ҳамин Ваҳдати миллӣ миллати мо, халқи мо, кишвари моро аз вартаҳои фалокатҳо наҷот дод.  Таърих, қисмат, сарнавишт миллати моро ба ҷое овард, ки охирин умед, охири дасти наҷотбахши хирад дар канори вартаҳои нестиву ҳалокат ҳамин ваҳдати миллӣ буд. Ҳамин гулӯлае, ки ҳеҷ путку сандоне наметавонанд онро шикаст, ҳамин рӯдборе, ки ҳеҷ садде наметавонад роҳашро бубаст. Ҳамин ресмони ихлосу имоне, ки чун шарёни ниҳоди мо ҳеҷ боди фалокате онро наметавонад гусаст. Бале, наҷоти мо ваҳдати миллист!
Агар мо аз Ватани азиз ва муқаддаси  худ, аз миллати некманиш ва хайртинати худ, аз мавҷудияти дурахшони ӯ умед дошта бошем, бояд ҳамин дастоварди бебаҳои худро мисли шарафи худ, мисли нангу номуси худ якдилу якҷон аз сари имон нигаҳбонӣ ва ҳимоят ва дар пояш ҷонфишонӣ кунем. Қалъаи  амнияте, ки моро аз ҳама фалокатҳо дар канор  хоҳад гирифт, ҳамин ваҳдати миллист.
Сабақи таърих ин аст, ки миллати тоҷик ҳарчи дар рӯзгори мозии худ бохт, аз парокандагиву парешониаш бохт. Борҳову борҳо таърих моро сабақ додааст ва ахиран дар оғози Истиқлолият моро ба ҷабҳаҳо ҷудо кардаву боз сабақ дод, ки наҷоти мо дар ягонагист.
Мавзӯи Ваҳдат, мавзӯи ҳарфу сухан нест. Мавзӯи Ваҳдат мавзӯи амал аст.
Вақте мо ваҳдати миллиро тантана мекунем, ин хуб аст, лекин хубтар ин аст, ки ваҳдати миллии дар мо тантана кунад, ваҳдати миллӣ моро тантана кунад.
Ваҳдат гуфтан кам аст, бо ваҳдат будан даркор аст!

Ҳаёт аз ваҳдат аст

“Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст”1.

Гул ба гул бо ҳам гулистон гаштаанд,
Рӯи хандону нишот аз ваҳдат аст.

Месароям ман суруди бахтро,
Дар мақоми ман баёт аз ваҳдат аст.

Таъми озодӣ зи шаҳди якдилист,
Ин набот андар набот аз ваҳдат аст.

Мебарад  ин раҳ ба сӯи васли ёр,
Чунки дар роҳам работ аз ваҳдат аст.

Соҳиби худ гаштаму иқболи худ,
Бахти некамро барот аз ваҳдат аст.

Ҳар гаҳе бо пайки пирӯзии худ,
Рӯ ба Ҳақ  орам, салот аз ваҳдат аст.

Кохи шаъну эътибори худ манам,
Чунки дар ҷонам субот аз ваҳдат аст.

Ваҳдат,омад аз фалокатҳо раҳонд,
Миллати моро наҷот аз ваҳдат аст.
__________________________
1.    Байт аз Муҳаммад Иқбол

 

Ваҳдато, идат муборак,ваҳдато!

Ваҳдато, идат муборак, ваҳдато!
Нусрато, идат муборак, нусрато!

Зоди озодӣ муборак, дӯстон,
Шодии шодӣ муборак, дӯстон!

Ориёно, хоки ҳасрат, хоки ёд,
Марги Сӯҳробат ба ёдат бод, бод!

Эй замини шеър, эй мулки суруд,
Сарзамини родмардиву дуруд!

Сабзаи хоки каён аз нав шукуфт,
Эй Аҷам, дигар намебоист хуфт!

Табли ваҳдат зан ба роҳи ростон!
Пайки зардуштӣ расид аз бостон!

Ваҳдато, идат муборак, ваҳдато!
Нусрато, идат муборак нусрато!

Миллати мо табли ваҳдат мезанад,
Табли пирӯзиву нусрат мезанад!

 

  Ваҳдат

Ғайри ваҳдат роҳи дигар нест, нест!
Шамси дигар, моҳи дигар нест, нест!

Чист Ваҳдат? Осмони поки мост!
Ҳастии хуршед дар афлоки мост!

Баҳри мо ваҳдат ҳисори боварист,
Зиндагимон дар мадори боварист.

Ҳиммате, к-аз як гиребон сар бизад,
Миллате, к-аз як дилу ҷон сар бизад.

Парчами пирӯзии мо ваҳдат аст,
Рӯзи неку рӯзии мо аз ваҳдат аст!

Июнь 23, 2016 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?