Конфронс: «Ваҳдати миллӣ таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ»

Июнь 28, 2016 10:43

Душанбе, 28.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ ҶТ бахшида ба таҷлили 19-умин солгарди рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ- таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ» доир гардид.
Конфронсро роҳбари донишкада А. Шоҳиён оғоз намуда,  аҳли нишастро бо ин санаи таърихӣ табрик намуд. Муовини фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ  Б.Қ. Мирзоев зикр кард, ки дар ҳақиқат 27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун аз санаи  тақдирсоз, яъне рўзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Номбурда дар идомаи суханронӣ аз аҳли нишаст, хусусан ҷавонон даъват ба амал овард, ки ин неъмати бузург ва муқаддасро ҳифз намоянд.
Иштирокдорон оид ба «Саҳми Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдат» ва   «Нақши Ваҳдати миллӣ дар густариши низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Июнь 28, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид