Конфронси «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» ба кори худ оғоз намуд
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд.
Конфронси байналмилалиро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуд.
Дар конфронси сатҳи байналмилалӣ раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Қарибӣ, ректори Донишгоҳи Дунёи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саид Махдум Раҳин, прфессори Донишгоҳи Кобул Ҳусайни Ямин, раиси Департаменти дарии Донишгоҳи Кобул Азима Маҷид иштирок доранд.
«Пешинаи таърихии корбурди забони тоҷикӣ дар мукотиботи байналмилалӣ», «Нақши забони тоҷикӣ-форсӣ дар рушди забони коргузории минтақа», «Доир ба иқтибоси истилоҳҳои форсӣ-тоҷикӣ дар забони русӣ», «Омӯзиши забони тоҷикӣ дар дунёи имрӯз», «Вазъи дирӯзу имрӯзи забони форсӣ-тоҷикӣ дар муҳити тоҷикони Чин», «Забони тоҷикӣ дар хориҷа», «Густариши забони тоҷикӣ дар сарзаминҳои дур ва наздик» аз ҷумлаи 13 маърӯзаи илмиест, ки аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ шунида хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки забони тоҷикӣ-форсӣ дар баробари забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон будан, инчунин дар як қатор давлатҳои аврупоиву шарқӣ, ба монанди Фаронса, ИМА, Исроил, Канада, Чехия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Узбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва ғайра омӯзонида мешавад. Дар ин кишварҳо нашрияҳо бо забони тоҷикӣ-форсӣ табъу интишор мешаванд, ки ин аз густариш ёфтани забони тоҷикӣ- форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дарак медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






