КВД «Тоҷикагролизинг» ба деҳқонони ВМКБ техникаи кишоварзиро дастрас намуд
Хоруғ, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» техника ва таҷҳизоти муосири кишоварзӣ, аз ҷумла 8 гандумкӯбак, 12 алафдарав, 8 испор, 48 сихмола ва 12 мотоблок дастрас кард. Роҳбари ин корхона Абдуҳамид Давлатов гуфт, ки ин техникаву механизмҳои кишоварзӣ мутобиқи шартномаи иҷоравӣ ба муҳлати се сол дода мешаванд. Бо супориши Сарвари давлат ба деҳқонони деҳаи Ғудараи водии Бартанг, ки бар асари зилзилаи соли гузашта осеби зиёд диданд, муҳлати шартнома тамдид карда шуд ва онҳо маблағи иҷораро баъди 6 сол пардохт мекунанд.
Як нафар аз сокинони ин деҳа Ҷумъа Шукрихудоев бо изҳори минатдорӣ аз Пешвои миллат гуфт, ки воқеан деҳқонони деҳаи мо ҳангоми кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешуданд, зеро дар деҳаи мо фасли сармо зуд фаро мерасад ва дар баъзе маврид мо сари вақт ҳосили худро ҷамъоврӣ карда наметавонем. Техникаи мазкур кори моро хеле осон кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






