Муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш» Бозиҳои ниҳоии Чемпионати «Аврупо-2016»-ро мустақиман пахш мекунад

Июнь 10, 2016 13:58

Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини аввали директори муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш» Парвиз Норов дар робита ба оғози бозиҳои ниҳоии Чемпионати 15-уми Аврупо оид ба футбол дар Фаронса ба хабарнигори «Ховар» иттилоъ дод, ки шабакаи «ТВ-Варзиш» омода аст ҳамаи бозиҳои ЕВРО -2016 ро мустақиман пахш карда, пешкаши мухлисони футболи Тоҷикистон гардонад. Дар ин маврид шартномаҳо бо расонаҳои ҷаҳонӣ ба имзо расидаанд ва кулли шореҳони футболи мамлакат низ барои шарҳ додани бозиҳо ҷалб гардидаанд.
Ин дар ҳолест, ки шабакаи «ТВ-Варзиш» имрӯзҳо пахши мусобиқоти Ҷоми Амрикоро низ мустақиман барои дӯстдорони футбол пешкаш мекунад ва дар баробари ин гузоришҳои мустақиму сабтро аз  Чемпионати мамлакат оид ба футбол низ ба роҳ мондааст. Дар давраи бозиҳои ниҳоии «Ҷоми Аврупо-2016» пахши мустақими дигар чорабиниҳои варзишӣ низ аз назари дастандаркорони «ТВ-Варзиш» дур нахоҳанд монд.

Июнь 10, 2016 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд