Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо сафари корӣ аз ВМКБ боздид намуд

Июнь 17, 2016 11:22

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 то 12 июни соли равон муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дошт.
Муовини Сарвазир дар ҷараёни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмониву барқарорсозии иншооте, ки ба шарафи ҷашн сохта мешаванд, бартарафкунии оқибатҳои офатҳои табиӣ, хусусан бунёду навсозии манзилҳои истиқоматии пурраю қисман зарардидаи сокинони шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Рўшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим шинос шуда, аз мавзеи сохтмони НБО-и хурд дар деҳаи Язгуломи ноҳияи Ванҷ дидан кард.
Зимни ин сафар аз корҳои барқарорсозии хонаҳои қисман зарардида дар тамоми ноҳияҳои вилоят, ки дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Дар деҳаи Ғудара, ки мавзеи наздиктарин ба маркази заминларзаи рухдода ба шумор мерафт, то 16 июни соли равон аз 38 хонаи пурра зарардида, дар 20 хона корҳои болопӯшкунӣ идома доранд ва дар боқимонда 18 хонаи дигар сохтмони деворҳои асосӣ пурра ба анҷом расонида шудаанд. Дар манзилҳои омодашуда корҳои насби болопўш,  дару тирезаҳо ва корҳои  ороишотии қисмати дохилии биноҳо идома доранд.
Дар деҳаи Пасор сохтмони НБО-и хурд бо иқтидори истеҳсолии 125 кВт дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад ва баъди мавриди истифода қарор додани он талаботи сокинони деҳаҳои Пасор, Бопасор ва Ғудара бо неруи барқ пурра таъмин мегардад. Айни замон сохтмони хатти интиқоли барқ дар масофаи 5,5 км то деҳаи Ғудара давом дорад. .
Сокинони деҳоти Нисур, Рухч, Пасор, Бопасор ва Ғудара аз он изҳори миннатдорӣ намуданд, ки тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 8,1 км бо қубурҳои андозаашон 76-320 мм барои онҳо хаттҳои обгузар кашонида шуданд. Ин имкон медиҳад, ки дар мавзеъҳои бо об таъмингардида ба ғайр аз сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, обёрӣ ва аз худ кардани 87 га замини бекорхобида ва 35 га замини аз кишт берунмонда ба заминҳои гардиши кишоварзӣ дохил гарданд.
Дар ноҳияҳои Ишкошиму Шуғнон низ сохтмони манзилҳои сокинони аз офати табиӣ зарардида идома дошта, тибқи нақшаи мақомот мавриди истифода қарор додани онҳо дар арафаи ҷашни 25умин солгарди истиқлолияти кишвар пешбинӣ шудааст.
Вобаста ба масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони 4 хонаи аз офати табиӣ пурра зарардидаи ноҳия Роштқалъа қарор дода шуд, ки парвандаи 0,08 га замин ҷудошаванда тибқи муқаррароти амалкунанда дар кўтоҳтарин муҳлат омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад. Дар робита ба ин муовини Сарвазир аз хунукназарию беэътиноӣ нисбат ба мушкилоти сокинон аз мақомоти иҷроия эроди ҷиддӣ гирифт.
Корҳои анҷомдодаи ҶДММ «Панҷ»-ро вобаста ба паст кардани сатҳи об дар кӯли сунъии «Барсем» муовини Сарвазир зери интиқоди шадид қарор дод. Ташхиси корҳои анҷомшуда собит сохт, ки дар пикетҳои назди кӯли сунъӣ дар ҷукурии 8 метр обҳои аз таги сангҳо баромада зиёд шудаанд ва пудратчӣ чуқурии тибқи лоиҳа пешниҳодшударо сари вақт канда натавониста, мутаносибан ба паст гардидани сатҳи об дар кӯли сунъӣ мусоидат накардааст.
Муовини Сарвазир ба Дирексияи сохтмонии иншооти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» дастури қатъӣ дод, ки тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида дар доираи маблағҳои пешбинишуда масъалаи паст кардани сатҳи об таъмин гардад.
Инчунин супориш дод, ки бо мақсади ҳифз намудани роҳи мошингарди мавҷуда дар мавзеи аз кул поён дар соҳили чапи дарё гузоштани сангҳои ҳимоявии калонҳаҷм ба роҳ монда шавад.

Июнь 17, 2016 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Зафаробод 1530 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Абдусалом Назаров дар боғаш 12 навъи зардолу парвариш менамояд
Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» 256 иншоот сохта мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Ховалинг бахшида ба фаъолияти эҷодии шоир Ҳабибулло Файзулло маҳфили адабӣ доир мешавад
Дар ноҳияи Данғара ду коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Ҳар яки мо барои таҳкими ваҳдати сартосарӣ вазифадорем», — бардошт аз конференсия дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Бахшида ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар Душанбе ҳамоиш доир шуд