Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ» дар Хатлон

Июнь 7, 2016 11:20

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25- солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва фарҳангӣ шурӯъ аз 17- майи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа- Сарбанд, Бохтар, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритуз, Қубодиён ва Н. Хусрав мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» баргузор гардида, он дар шаҳру ноҳияҳои дигар идома дорад.
Мақсад аз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» омӯзиш ва такмили фаъолияти боғҳои фарҳанг ва фароғат, баланд бардоштани нақши онҳо дар тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон, ба макони ҳақиқии истироҳати сокинони ҷумҳурӣ табдил додани боғҳо, рангин ва ғанӣ гардонидани фароғати мардум дар шароити нави иҷтимоии фарҳангӣ мебошад.
Боғҳои фарҳанг ва фароғатие, ки пас аз ҷамъбасти мусобиқа ба натиҷаҳои беҳтарин ноил мегарданд, аз ҷониби Вазорати фарҳанг бо ифтихорнома ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

Июнь 7, 2016 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад