Мусодираи наздики 8 кило маводи нашъадори афюн ва героин аз шаҳрвандон
Душанбе, 3.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50- солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 1 бастаи полиэтиленӣ, ки дар дохили он маводи сахттаъсири героин бо вазни 4 килою 904 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд.
Инчунин дар ин рӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи Саркори шаҳри Турсунзода, кормандони ШВКД дар шаҳри мазкур ду марди 22 ва 24-солаи сокинони шаҳри Турсунзодаро бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ, аз дохили пакети полиэтиленӣ маводи нашъадори навъи афюн бо вазни 2 килою 870 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






