Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

Июнь 21, 2016 11:04

Душанбе, 21.06.2016./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар  Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно»  маҳфили адабӣ- фарҳангӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» бахшида ба 19- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавоноӣ бахшида, инчунин дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақш ва аҳмияти забони модарӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани мақом ва манзалати забони давлатӣ дар ҷомеа ҳарф зада, аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯз забони модарии мо ба қатори 100 забоне, ки мақоми давлатӣ доранд, ворид гардида, дар байни шаш ҳазор забоне, ки вуҷуд доранд, мақоми 13-умро касб менамояд.
Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили КИМ ҲХДТ, Илҳомҷон Ҳамидов, узви Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Маҳмадюнус Исоев, ғолиби озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат» ва дигарон доир ба ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа сухан гуфтанд.

Июнь 21, 2016 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад