Оғози сохтмони бинои 12 ошёна дар маркази шаҳри Хоруғ

Июнь 26, 2016 11:43

Душанбе, 26.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Дар идомаи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ барои сохтмони бинои 12 ошёна санги асос гузошт.

Лоиҳаи бинои мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меъмор-2002» омода гардида, дар он филиали Ҷамъияти саҳомии «Ориёнбонк», меҳмонхона барои 200 ҷой,  толори ороишӣ, ҳавзи шиноварӣ, толорҳо барои гузаронидани нишастҳо  ва тарабхона ҷойгир карда мешавад.

Ҳамчунин тибқи лоиҳа, дар бинои мазкур утоқҳои махсуси замонавӣ барои қабули меҳмонони олимақом ва намояндагони давлатҳои гуногун низ бунёд мегардад. Ба иттилои масъулин, ин нахустин бинои 12 ошёна хоҳад буд, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бунёд карда мешавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ то 100 нафар шаҳрвандони вилоят дар ин ҷо соҳиби ҷойҳои кори доимӣ мегарданд. Тавре маълум шуд, сохтмони бино ду сол  идома ёфта, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ феълан 200 нафар сохтмончӣ аз ҳисоби шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят ҷалб гардидаанд.

Фармоишгари лоиҳаи мазкур Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк» буда, пудратчӣ Идораи сохтмони асосии ҳамин ҷамъият («Ориёнбонк») маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳо ба сохтмончиён дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Июнь 26, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон